Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 23 июл 2017, 23:43

Тоҷикистону Руминия хостори тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаанд

24 феврал 2012, 09:44

Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо Иоан Габриел Габореан, фиристодаи Сафорати Руминия дар Маскав мулоқот анҷом доданд.


Бино ба иттилои хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия, зимни ин нишаст ҷонибҳо масоили вобаста ба равобити ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Руминия ва муҳимтарин масоили минтақаиву ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ҳамзамон, Иоан Габриел дар ин вохӯрӣ таъкид намудааст, ки кишвараш хоҳони густариши ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба буда, омодааст, бо Тоҷикистон чун шарики боэътимод дар Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кунад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот, инчунин, роҷеъ ба Панҷумин конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки қарор аст, 26 - 27 марти соли равон дар Душанбе баргузор гардад, табодули назар шуд: «Дипломатҳо нақши кишварҳои минтақаро дар суботи Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, ташаббусу иқдомҳои Тоҷикистонро дар ин росто  эътироф карданд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!