Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:06

Пойгоҳи «Манас» барои зарба болои Эрон истифода нахоҳад шуд

24 феврал 2012, 11:31

Дар ин бора як мақоми баландпояи порлумони Қирғизистон изҳор кардааст.


Ин пойгоҳ ҳатто наметавонад ба ҳайси як майдони эҳтиётӣ барои муруру убури нерӯҳои Амрико барои зарбаи Эрон пешбинӣ шавад, барои ин асосҳои ҳуқуқӣ мавҷуд нест, менависад аз қавли ин манбаъ “Интерфакс”.Ёдовар мешавем, ки собиқ бошгоҳи ҳавоии мустақар дар фурудгоҳи “Манас”- и Бишкек, пойтахти Қирғистон, феълан ба ҳайси як маркази интиқоли транзитии нерӯҳои Амрико дар муборизаи Афғонистон истифода мешавад.


Вакили порлумон гуфтааст, дар тавофуқномаи соли 2009 -и миёни Қирғизистону  Амрико дақиқан гуфта шудааст, ки “ин пойгоҳ ба ҳайси маркази интиқоли транзитии нерӯҳои Амрико дар муборизоти терористӣ дар Афғонистон истифода мешавад. Фаъолияти дигар аслан ҷой дошта наметавонад”.Манбаъ афзудааст, агар Амрико ҳатто хоҳиши истифодаи “Манас” -ро дар таҳоҷум болои Эрон изҳор намояд ҳам,  барои ин асноди дигари ҳуқуқӣ ва тавофуқномаи нав лозим аст. Аммо барои расидан ба ин тавофуқ вақт ва талошҳои гуфтушунидӣ лозим аст. Ин дар ҳолест, ки аввалин шуда намояндаи расмии ВКХ- и Русия Александр Лукашевич изҳор карда буд, ки эҳтимолияти шурӯи зарба болои Эрон аз истифодаи пойгоҳи “Манас” - и Қирғизистон сад дар сад ҷой дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!