Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

«ИОНА» ҷарима шуд. Беш аз 7000 сомонӣ

25 феврал 2012, 07:24

Кормандони кумитаи андоз дар субъектҳои ба рекламаи берунӣ сарукордошта қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор кардаанд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, аснои як амалиёти назоратӣ дар ширкати “ИОНА” маълум шуд, ки корхона дар биноҳои “Кохи Ҷомӣ” ва “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” тӯли шаш ҳамчун иҷоранишин барои истифодаи намоиши филмҳои ҳунарӣ, гузаронидани семинару конфронсҳо ва ғайра фаъолияти худро ба роҳ мондааст ва барои ҷалби бештари мизоҷон дар шафати сирки давлатӣ, филармонияи давлатӣ, бинои Кохи Ҷомӣ ва “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” овезаҳои характери рекламавӣ доштаро васл кардааст

 

Манбаъ афзуд, корхонаи зикршуда маблағи пардохти рекламаи беруниро барои билбордҳои дар шафати сирки давлатию филармонияи давлатӣ васлкардааш пардохт намуда, аммо барои овезаҳое, ки дар  Кохи Ҷомӣ ва “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” дар масоҳати зиёда аз 57 метри мураббаъ ҷойгир намудааст, пардохт накардааст ва аз мавҷуд будани пардохт барои рекламаи берунӣ аз ин ҳисоб тасаввурот надорад. Дар натиҷаи корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳолати  қонунвайронкунии  ҷойдошта ошкор гардид ва нисбати субъекти мазкур аз соҳибкори номбурда 7200 сомонӣ маблағи пардохт барои рекламаи берунӣ ситонида шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!