Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

Барқ нест? www.barknest.tj мушкили шуморо осон менамояд

25 феврал 2012, 06:48

Дар шабакаи ҷаҳонии интернет сомонаи ҷадид таҳти унвони www.barknest.tj ба фаъолият оғоз кардааст.


Тибқи иттилоъе, ки алъон рӯйи даст аст, ин сайт ба манзури таъмини шаффофият ва гузоришдиҳӣ дар мавриди вазъи барқрасонӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ба замми ин гурӯҳе дигар бо ҳамин ном ва нишонӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук сабти ном шудааст. Ба гуфти мубтакирони ин тарҳ, ҳамакнун аъзои гурӯҳ метавонанд дар бораи вазъи барқрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳам табодули назар кунанд.

Маврид ба ёдоварист, шиори сомонаи мазкур «Барои таъмини шаффофият ва гузоришгарӣ дар заминаи вазъи барқрасонӣ" буда, ба таври озмоишӣ фаъолияташро шурӯъ кардааст.Тибқи иттилоъ, ҳар масрафкунандаи барқ метавонад аз тариқи ин сайт дар бораи шароити расондани барқ ва мизони интиқоли барқ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон иттилоъ дарёфт кунад, ё иттилоъ бидиҳад ва ҳатто шикояти худро ба масъулон ирсол намояд: «Агар дар сайти "Барқ нест" тугмаи "Харита"-ро бифишоред, вазъи барқрасонӣ дар 25 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон дар рӯзи ворид шудан ба сомона маълум мешавад, ки бо рангҳои сиёҳ, сабз, сурх, зард ва заъфаронӣ соъатҳои интиқоли барқ нишон дода шудааст».

Гуфтанист, дар сурати пайдо шудани имкони молиявӣ дар вилояти Бадахшон ва навоҳии дигари Тоҷикистон низ довталабон барои иҷрои ин кор иқдом хоҳанд кард.

Барои маълумоти бештар ин линкро клик кунед:  www.barknest.tj

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!