Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Хисорот: Беш аз 130 ҳазор сомонӣ

26 май 2011, 13:15

Раёсати корхои дохилии дар наклиётбуда, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуд, ки шаҳрванд Ҷамолиддин Ҷабборов бе қайди нозироти андоз ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, ба миқдори 134 ҳазору 661 сомонӣ ба давлат зарари моддӣ  овардааст.

Номбурда дар  ҶДММ «Ихлос -Тиҷорат»-и Қӯрғонтеппа ҳамчун соҳибкор фаъолият намуда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон Бахтиёр Давлатов, сокини шаҳри  Душанбе, кӯчаи  Н. Қарабоев, хонаи  67, ҳуҷраи 136, соҳибкори ширкати «Сӯфиён» ва Рустам Дамонов, истиқоматкунандаи ноҳияи  Бохтар забон як карда, тайи солҳои 2009-2010 бе қайди нозироти андоз ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, дар натиҷаи фурӯши 5-вагон маҳсулоти собун ба давлат ҳудуди беш аз 130 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.Феълан, оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!