Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:01

Инҷили 1500 сола дар Туркия пайдо шуд.Бо забони арабӣ

25 феврал 2012, 07:05

Дар Туркия «Инҷил»-е дарёфт гардид, ки беш аз 1500 сол дорад. Ин китоб бо забони арабӣ ва бо ҳуруфи ассирӣ навишта шудааст.


Дар ин китоб аввалин гуфтаҳои паёмбар Исо ҷамъоварӣ шудаанд. Феълан, Инҷили 1500 сола зери ҳимояи пулис ба Осорхонаи мардумшиносии Анқара оварда шудааст.

Гуфта мешавад, аз ин китоб ҳамагӣ 2 нусха мавҷуд буда, аз он ки дар он аз омадани паёмбари Ислом Муҳаммад (с) башорат дода мешавад, диққати мусулмононро ба худ ҷалб ва қимати онро боло бурдааст.

Инҷили 1500 сола, ки онро Инҷили барнавӣ низ меноманд, аз сӯи калисои масеҳӣ эътироф шуда бошад ҳам, маълумоти дохили онро масеҳиён эътироф намекунанд.

Ёдовар мешавем, ки нусхаи дигари Инҷили барнавӣ соли 1979 дар Покистон бо забони англисӣ ба нашр расида, баъдан бо забонҳои дигар тарҷума ва нашр шудааст.

Ҳафриётшиносон тахмин мезананд, ки Инҷили дар Туркия пайдошуда нусхаи ҳамон Инҷили барнавист, ки дар китобхонаи Конгресси Амрико нигоҳдорӣ мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!