Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

ИА ва Тоҷикистон масоили марбут ба муҳити зисту обро ба баррасӣ гирифтанд

27 феврал 2012, 04:00

Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷаи кишвар дар шаҳри Брюссел қарор дорад.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ, имрӯз, 27-уми феврал дар пойтахти Белягия ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон баргузор мегардад ва ҷониби Тоҷикистонро Ҳамрохон Зарифӣ дар ин нишаст роҳбарӣ мекунад.

Гуфтанист, дар ҷаласаи мазкур масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва  бисёрҷониба, хусусан ҷабҳаҳои калидии татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ислоҳоти дохилӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, мавзӯи об ва муҳити зист, масоили байналхалқӣ ва ҳамкории минтақавӣ, инчунин дигар самтҳои муносибатҳои мутақобила мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Маврид ба  ёдоварист, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон 13 декабри соли 2010 дар шаҳри Брюссел доир гардида буд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!