Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Ҳалокати як марзбон дар қисми низомӣ

27 май 2011, 05:32

Майити як сарбозро, ки дар шимоли мамлакат адои хизмат мекард, ба зодгоҳаш- рустои Назарбойи ноҳияи Шӯрообод оварданд.

Тибқи иттилои хабарнигори минтақавии «Озодагон», ин аскар Алишери Ҷумъахон, ҳанӯз тирамоҳи соли 2010 ба сафи артиш даъват шуда буд ва дар яке аз қисми низомии қӯшунҳои марзбонии Кумитаи амният воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов хизмат мекард. Афсарону сарбозоне, ки ҷасади ӯро овардаанд, гуфтаанд, ки дар қисми ҳарбӣ миёни Алишер ва як сарбози дигар муноқиша шудааст ва ахирӣ ӯву  боз як афсари дигари ҳамин қисми ҳарбиро бо истифода аз автомат паррондааст.  Дар натиҷа, ҳар ду дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!