Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Убайдуллоев ва бону Михай «Пойгаи равон»-ро ба баррасӣ гирифтанд

27 феврал 2012, 07:12

Омодагиҳои шаҳрдорӣ ба тарҳрезию амалисозии нақшаҳо оид ба истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалии-2012 дар сатҳи хуб ҷараён доранд.


Тавре Шафқат Сайидов,сухангӯи мири шаҳри Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар робита ба ин ҷашн дар қатори чорабиниҳои фарҳангии театрикунонидашуда баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баҳри таблиғи оммавияти варзиш ва ҷалби сокинон ба пешбурди тарзи ҳаёти солим ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ афзуд, яке аз ин чорабиниҳои варзишии шаҳрдорӣ «Пойгаи равон» маҳсуб меёбад, ки он 27 марти соли 2012 дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ бори нахуст дар таҷрибаи ин намуди варзиш доир карда мешавад: «Бо ин мақсад  бо даъвати шаҳрдорӣ дар пойтахт феълан баҳри тарҳрезии корҳои омодагӣ менеҷери байналмилалӣ оид ба ташкили пойгаи равон аз Аморати Муттаҳидаи Араб хонум Елена Михай ташриф овардааст, ки  24 феврал ӯро Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳр ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили дар ояндаи наздик, нимаи дуюми соли 2012 бо мутобиқсозии КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба меъёрҳои баргузории пойгаи равони байналмилалӣ ташкил намудани ин намуди варзишро дар шаҳри Душанбе матраҳ намуда, дар навбати аввал дар чорабинии 27 март ба нақшагирифташуда даъват ва иштироки доварону нозирони байналмилалииро баррасӣ карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!