Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:23

Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тағйирот ворид мешавад

27 феврал 2012, 09:01

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз, 27-уми феврал дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба баррасӣ гирифта шуд.


Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур, ин иҷрои барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 маҳсуб меёбад.   Дар нишаст таъкид шуд, ки лоиҳаи ин қонун бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти низоми адолати судӣ таҳия гардидааст: «Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ҷиҳати ба танзим даровардани мӯҳлат ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, таъмини мустақилияти бештари судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин такмили фаъолияти марҳилаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст».

Гуфта мешавад, бо қабули лоиҳаи Қонуни мазкур минбаъд судя парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба категорияҳои ҷиноятҳои вазнинро низ танҳо баррасӣ менамояд. Ҳамзамон, доираи ваколатҳои судя ҳангоми гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтишоти судӣ васеъ карда шуда, ба суд имконият дода мешавад, ки дар ин мурофиа пешбурди парвандаи ҷиноятиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур қатъ намояд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!