Бахшҳо

Қатар дар Душанбе «Диёри Душанбе» месозад

Тендери байналмиллалӣ барои муайян намудани пудратчии кулли сохтмони шаҳраки «Диёри Душанбе» аз ҷониби ширкати «Қатари Диёр Реал Истейт Инвестмент-Тоҷикистон» эълон гардид.


Ин нуктаро Камол Ҳиҷозӣ, директори генералии ширкати мазкур  зимни мулоқоташ бо Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иброз дошт. Тавре аз ин ниҳоди давлатӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, шаҳраки замонавии «Диёри Душанбе» дар канори кӯли «Ҷавонон» сохта шуда, 68 ҳазор метри мураббаъро дарбар мегирад: «Ин шаҳрак аз 5 адад хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, 3 адад   бизнес-марказҳо, 1 адад меҳмонхонаи панҷситорадор ва ғайра бинову марказҳои тиҷоратӣ ва дилхушиву варзишӣ, иборат хоҳад буд».

Зимни ин мулоқот Камол Ҳиҷозӣ корҳои амалишударо дар доираи татбиқи лоиҳаи «Диёри Душанбе” муаррифӣ намуда иброз дошт, ки айни замон замини барои сохтмон муайяншуда ҳамвор ва ба пуррагӣ барои корҳои сохтмонӣ омода карда шудааст, ки тибқи нақша дар моҳи апрели соли ҷорӣ сохтмони асосӣ оғоз хоҳад ёфт: «Ширкат тамоми масъалаҳои инфрасохториро аз қабили гузаронидани қубурҳои об ва хати барқу алоқаро ҳаллу фасл намуда, ҷиҳати ҷалби ширкатҳои ватанӣ дар сохтмони шаҳраки “Диёри Душанбе” бо 5 адад ширкатҳои ватанӣ шартномаҳои дахлдор ба имзо расонидааст».

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар марҳилаи аввали сохтмони асосӣ 3 иншоот аз қабили бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, бинои маркази соҳибкорӣ ва 1 адад бинои маркази тиҷоратӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Лозим ба ёдоварист, созишнома ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Диёри Душанбе» 26 августи соли 2011-ум миёни ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Қатар ба имзо расида буд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)