Бахшҳо

Офаридаҳои Ботур Аллаберганов дар «Мино» ба маъраз гузошта мешаванд

Намоиши инфиродии ҳунари рассоми шодравон Ботур Аллаберганов дар Душанбе баргузор мегардад.


Тибқи иттилоъ, ин чорабинӣ 3-юми марти соли равон бо кӯмаки молиявии шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад  дар Тоҷикистон дар  Нигорхонаи ҳунарии «Мино», ки дар бинои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, кӯчаи Беҳзод №1 ҷойгир аст, сурат мепазирад.

 

Гуфта мешавад, ба маърази тамошочиён  73 асари рассом аз қабили наққошӣ, тарроҳӣ, расмҳо, мусаввада ва ҳазлҳои дӯстона, бо шумули асарҳои нотамом гузошта мешаванд.

Мутахассисон ба ҳунари рассом баҳои баланд дода, дар асарҳои ӯ  воқеияти замонро  бо ҳазлу анъанаҳои маишии мардумӣ мебинанд. Офаридаҳои муаллиф дар осорхонаҳо ва коллексияҳои хусусӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он дар Полша, Муғулистон, кишварҳои Африка ва ғайра маҳфузанд.

Маврид ба ёдоварист, Ботур Аллабергенов 9 майи соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967  Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва соли 1973 Институти давлатии театриву рассомии Тошкандро хатм кардааст.  Ӯ фаъолияти худро ба омӯзгорӣ бахшида, дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз наққошӣ дарс гуфтааст. 1 декабри соли 2011 Ботур Аллабергенов  бармаҳал аз ҳаёт чашм пӯшид.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)