Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:05

ИА: Мо ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ҳастем

28 феврал 2012, 03:50

Дар пойтахти Белгия иҷлосия дуюми Шӯрои ҳамкории ИА бо Тоҷикистон баргузор шуд. Тибқи иттилои ВКХ-и кишвар, ҳайати ҳукумати ҷумҳурии моро дар ин нишаст Ҳамроҳхон Зарифӣ раҳбарӣ мекард ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо Виллӣ Совндал, вазири хориҷаи Дания, ки кишвараш раёсати давраии ин созмони қораиро бар ӯҳда дорад.


Зимнан, дар Брюссел масоили равобити дуҷонибаи Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон ва ҳамчунин масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ шудааст.
Виллӣ Совндал дар нишасти муштараки хабарие, ки дар пайи анҷоми нишасти Шӯро доир шуд, гуфт, ИА Тоҷикистонро як бозигари муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ шинохта, мехоҳад, равобиташро бо Душанбе боз ҳам таҳким бубахшад. Ӯ ҳамчунин хостори ҳамкории наву густардатар байни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд:  «Ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин масоили иқтисоду тиҷорат ва сиёсати хориҷӣ аз мавзӯъҳои аслии баррасишаванда дар  нишасти Брюссел бо мақомоти Душанбе буд. Мо дар ин фазои бозу созанда нафақат масоили осон, балки мавзӯъҳои мушкилро ҳам баҳс кардем. Мо хоҳони таҳкими ҳамкорӣ ва мушорикати ҷадиде бо Осиёи Марказием, ки Тоҷикистон низ як бахши марказиаш хоҳад буд. Мо чолишҳои умумии зиёде дорем, чун қочоқи маводи мухаддир ва мушкилоти муҳити зист ва ҳамкорӣ дар ин риштаҳо ба фоидаи ҳар дуи мост».
Ҳамзамон, Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар навбати худ гуфт, дар иҷлосияи Шӯрои ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон масоили минтақавӣ ва ҳам вазъи Афғонистон, ба вижа пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвари ҷангзада дар соли 2014 низ баррасӣ шуда, байни Душанбеву Брюссел дар бисёр масъалаҳо ҳусни тафоҳум ба даст омадааст.
Ёдрас менамоем, иҷлосияи аввалини Шӯрои ҳамкории ИА ва Тоҷикистон моҳи декабри соли 2010 доир шуда буд. ИА аз соли 1992 ба ин тараф ба ҶТ ҳудуди 500 миллион евро кӯмак карда, дар соли 2011 ҳаҷми ёрии фанниву молии ин созмон 62 миллион евроро дар бар гирифтааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!