Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Боз як муҳоҷири тоҷик дар Маскав ҷароҳат бардошт

28 феврал 2012, 06:01

Дар истгоҳи метрои «Шелковская»-и шаҳри Масква, бар асари садамаи нақлиётӣ шаҳрванди Тоҷикистон Эмомиддин  Бурҳониддинови 24- сола, сокини  ноҳияи Рашт сахт осеб дида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд,   айни замон Бурҳониддинов дар бахши эҳёи шифохонаи клиникии №14-и шаҳри  Москва бистарӣ буда, дар ҳолати вазнин (кома) қарор дорад.

Феълан, нисбати ин қазия корҳои тафтишотӣ идома дошта, кормандони сафорат бо пайвандони Эмомиддин, табибон ва пулисе, ки пайи таҳқиқи ҳодисаанд, дар тамос мебошанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!