Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:29

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чжу Хунҷе дар Душанбе

29 феврал 2012, 03:37

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи гузашта ноиби аввали раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжу Хунҷеро ба ҳузур пазируфт.

 


Хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ медиҳад,  ки дар мулоқот масоили ҳамкории ду ҷониб баррасӣ шуда, қайд гардид, ки бо қарзҳои имтиёзноки ин бонк дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузургҳаҷми бунёди хаттҳои барқии 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол, 220-киловолтаи Лолазор-Хатлон ва Хуҷанд-Айнӣ анҷом ёфта, навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанок, Душанбе-Данғара-Кўлоб-Хорўғ-Кулма, нақбҳои мошингузари Шаҳристону Чормағзак ва татбиқи дигар лоиҳаҳо бомуваффақият идома дорад.

 

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш дар соҳаҳои роҳсозӣ, энергетика, саноати кўҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!