Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:40

Садама дар ноҳияи Айнӣ мунҷар ба марги чор нафар шуд

29 феврал 2012, 07:49

Сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон ҷони 4 нафарро рабуд.


Тавре Маҳмадшариф Шамсов, масъули шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, рӯзи гузашта тахминан соати 18:00 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел астра»   Фурқат Элмуродови 28- сола, аснои ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар километри 125, ҳудуди деҳаи «Кумаргӣ» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста ба ҷарии чуқурияш 110 метр сарозер шуда, ба дарё ғарқ мешавад.

Дар натиҷа худи ронанда Фурқат Элмуродов ва 3 нафар мусофирони ӯ- Ситора Тӯеваи 54- сола, Гулҷаҳон Сайфиддиноваи 45- сола ва Андикуд Маликови 38- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар макони ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз аввали соли равон то имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ 154 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 49 нафар ҷони худро аз даст дода, 174 тани дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!