Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:39

«Заҳр»-и Бонки Ҷаҳонӣ ба давлати мардумии Чин

29 феврал 2012, 07:50

Як фаъоли сиёсии чинӣ аз гузориши Бонки Ҷаҳонӣ ба шиддат интиқод намуда, барномаҳои пешбинишудаи ин бонкро барои Чин «заҳровар»  номидааст.


Бар асоси ин гузориш Чин бояд ширкатҳои давлатии худро ба бахшҳои хусусӣ табдил диҳад. Тибқи иттилои хабаргузорҳои хориҷӣ, ин ҳарфҳо аз ҷониби коршиноси чинӣ Дува Жуянг замоне садо дод, ки раиси Бонки Ҷаҳонӣ Роберт Зулик дар як нишасти матбуотӣ, ки дар дафтари ин ниҳоди молӣ дар Пекин баргузор шуд, гузориши худро эълон менамуд.

Бо вуҷуди ин ки ҷаноби Дуваро аз толори конфронс берун карданд, ў эътирозҳои худро алайҳи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ идома дода, афзуд, онҳо мехоҳанд бонкҳои ин кишвар ба лаганбардорон ва қаллобон, монанди бонкҳои амрикоӣ табдил шаванд .

Ёдовар мешавем, ки Бонки Ҷаҳонӣ рўзи сешанбе, 28.02.2012, гузориши наверо бо дар мавриди Чин дар соли 2030 нашр намуд. Дар ин гузориш омадааст: «Чин бояд барои расидан ба сохтани як ҷомеаи модерну саноатӣ ва ба даст овардани даромади ҳангуфт, аз иқтисоди тарроҳӣ шуда аз ҷониби ширкатҳои давлатӣ даст кашида,  рў сўи ширкатҳои хусусӣ орад. Инчунин дар ин таҳқиқот омадаст, ки Чин ба як ислоҳоти иқтисодии ҷиддӣ ниёз дорад».

Ин дар ҳоле аст, ки тарафдорони ин навъи иқтисоди Чин давлатӣ будани ширкатҳои чиниро манбаи қудрат ва сарафрозии миллӣ медонанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!