Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:32

INL: Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон савияи донишашонро баланд мебардоранд

29 феврал 2012, 08:11

“Усулҳои асосии баргузории пурсиш”.


Таҳти чунин унвон дар Душанбе барномаи тамринӣ-таълимӣ барои кормандони сохторҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат пазируфт.Тибқи иттилое, ки аз АНМН ба «Озодагон» расид, ин бозомӯзӣ аз ҷониби Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА дар якҷоягӣ бо “Гурӯҳи Эмерҷенс” гузаронида шуда, дар он 8 нафар кормандони агентии назорати маводи нашъаовар  иштирок намуданд.

 

Манбаъ афзуд, тренинги мазкур зарфи 5 рӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд ва дар он намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ширкат варзиданд.Мақсади асосии тренинг баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тавсеъаи имкониятҳои онҳо ҷиҳати беҳтар кардани фаъолиятҳои ҳаррӯзаашон иборат буд.

Гуфтанист, таҳлилгарони байналмилалӣ аз “Гурӯҳи Эмерҷенс” иштирокчиёнро бо роҳҳои нави гузаронидани пурсиш ва дарёфти иқрори гунаҳгоршавандаи парвандаи ҷиноӣ, ҳамчунин малакаҳои рушди иқтидори ташкилӣ омӯзиш доданд. Шунавандагон дар бораи роҳҳои муайян намудани рафтори лафзиву ғайрилафзии одамон ҳангоми пурсишҳо маълумоти кофӣ дарёфт намуданд. Дар ҷамъбасти тренинги омӯзишӣ-амалӣ ба иштирокдорони он сертификат супорида шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!