Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:44

Футбол: Тоҷикистон-Кореяи Шимолӣ 1:1

29 феврал 2012, 11:25

Бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар шаҳри Хуҷанд соати 13.30 шурӯъ шуд ва бо ҳисоби 1:1 ба охир расид. Ҳарду даста аз ин бозӣ як имтиёзӣ ба даст оварданд. Кореяи Шимолӣ бо 7 имтиёз дар мақоми севвум ва Тоҷикистон бо 1 имтиёз дар ҷои охирин ҷадвали сабқат дар гурӯҳи «С» қарор гирифтанд.


Маврид ба ёдоварист, ҳисоб дар ин бозӣ дар дақиқаи 54-ум боз шуд. Голро футболбози кореягӣ   вориди дарвозаи мизбонон кард. Дар дақиқаи 64-ум баъди зарбаи бозигари тими Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов тӯб ба дарвозаи меҳмонон ворид шуд.

Бино ба иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» ин бозиро дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд 25 ҳазор мухлис тамошо кард.

Бояд гуфт,  тими миллии мо аз идомаи иштирок дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 пас аз бохтҳои пайдарпай маҳрум шуда буд.

Натиҷаҳои қаблии бозиҳои тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол:

Тоҷикистон-Ӯзбакистон 0:1, Кореяи Шимолӣ-Тоҷикистон  1:0, Ҷопон-Тоҷикистон 8:0, Тоҷикистон-Ҷопон 0:4 ва Ӯзбакистон-Тоҷикистон 3:0.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!