Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:33

Созишномаи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Русия ба тасвиб расид

29 феврал 2012, 12:25

Имрўз, 29-уми феврал таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии МН баргузор гардид.


Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов дар нишасти мазкури вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» қабул шуд: «Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Менглиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Хадича Ҳакимова зимни суханронии худ роҷеъ ба ин масъала таъкид карданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба Кодексҳои гражданӣ, оила ва манзили Ҷумҳуррии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул», «Дар бораи ипотека», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин беҳтар кардани сифати ҳуҷҷатҳои бо тартиби нотариалӣ тасдиқкардашуда, баланд бардоштани масъулияти нотариусони давлатӣ ва инкишофи системаи нотариалии давлатӣ, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешбинӣ намудани намудҳои нави амалиётҳои нотариалӣ ба монанди васиятномаҳои махфӣ, идораҳои молу мулки меросӣ ва ғайраҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст».

Ҳамзамон, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов аз рўи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, иброз доштанд, ки ин лоиҳа ҷиҳати иҷрои Нақша - чорабиниҳо оид ба иҷрои тавсияҳои асосии ФАТФ ҷиҳати мубориза ба муқобили қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои тавсияҳои кумитаи мубориза бар зидди шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати мутобиқ гардонидани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 1 Конвенсияи зиддишиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф таҳия ва пешниҳод шудааст.

Вобаста ба масъалаи дигари ҷаласа, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ, муовини аввал, сардори Сарраёсати Қушўнҳои сарҳадӣ, фармондеҳи Қушўнҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералишоҳ Мирзоев ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов сўҳбат карда, таъкид доштанд, ки Созишномаи зикршуда самтҳои асосии ҳамкорӣ ва афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро дар соҳаи сарҳадӣ, аз ҷумла дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таълимии ҳарбии Федератсияи Русия, расонидани кўмак дар интиқоли бору молҳо тавассути ҳавопаймоҳои ҷониби Русия, муайян менамояд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!