Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:44

Шайх Қосим: «Ҷанг алайҳи Эрон минтақаро ба коми оташ мекашад»

1 март 2012, 10:19

Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли «Ҳизбуллоҳ» ҳушдор додааст, ки ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон метавонад тамоми Ховари Миёнаро ба коми оташ бикашад.


Бино ба навиштаи расонаҳои хабарии ҷаҳон Наим Қосим рӯзи чоршанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории «Reuters» гуфтааст Амрико медонад, ки ҷанг алайҳи Эрон маънои зери оташ қарор гирифтани кулли минтақаро дорад. «Исроил низ метавонад, ҷангеро бар зидди Эрон шурӯъ кунад, аммо аз паёмадҳои он бехабар аст. Паёмадҳое, ки тоқати таҳаммули онро нахоҳад дошт»,-афзудааст номбурда. Дар мавриди ихтилофи шадид миёни Исроил ваАмрико дар бораи ҳамла ба Эрон Шайх Наим гуфтааст, ки Исроил қудрату шуҷоати роҳандозии ҷанг алайҳи Эронро надорад, Амрико бошад, дар фикри интихоботи дар пешистодаи раёсатҷумҳурӣ аст. Ба қавли муовини дабири кулли «Ҳизбуллоҳ»: «Аз сӯи дигар Вашингтон дарк намудааст, ки ҳар даргирӣ бо Эрон нерӯҳои ин кишвар ва муттаҳидонашро дар минтақа зери хатар қарор хоҳад дод ва боло рафтани нархи нафт буҳрони иқтисодии ҷаҳониро бузургтар хоҳад кард». Дар посух ба суоли ин ки оё «Ҳизбуллоҳ» дар вокуниш ба ҳаргуна ҳамла алайҳи Эрон, ба Исроил ҳуҷум мекунад ё на посух додааст, ки Эрон тавони дифоъ аз худро дорад, аммо ин қазия метавонад тамоми минтақаро ба оташ бикашад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!