Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Машварати корӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

2 март 2012, 04:18

Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон доир ба корҳои созандагӣ, киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ машварати корӣ анҷом дод.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент дар нишаст нахуст ахбори масъулини Ҳукумати кишвар, дастгоҳи иҷроияи президент ва роҳбарони сохторҳои дигари дахлдор шунида шуд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ғайр аз минтақаҳои кӯҳистон, бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ киштукори баҳории зироатҳо ва ниҳолшинонӣ вусъат ёфтааст.
Зикр гардид, ки дар робита ба омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ роҳбарон ва намояндагони як қатор кишварҳои ҷашнгирандаи ин иди фархунда дар он иштирок хоҳанд дошт.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати тоза бахшидан ба корҳои мавсимии кишоварзӣ, дастгирии деҳқонону боғпарварон, фаъолияти созандагию ободонӣ ва омодагии сазовор ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин таъкид гардид, ки пешгирӣ аз оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли фуруд омадани ярчу тарма, обхезиҳои баъди обшавии захираи бешумори барфи имсола ва боридани боронҳои селу жола омодагии ҷиддиро талаб мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!