Бахшҳо

Китоб дар бораи пардохтҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мешавад

Имрӯз, 5-уми март дар бинои мавсум ба «Вафо» шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад  дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ муаррифии дастурамали «Ташкили кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» ва лоиҳаҳои Бунёдро оид ба масоили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор мекунад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз «Бунёди Мадад» иттилоъ доданд, соли 2011 барномаи «Худидораи маҳаллӣ»-и ИҶК- БМ дар шарикӣ бо СҶ «Маркази таҳсилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушд» ба амалӣ кардани лоиҳаи таҳияи дастурамал барои кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар маҳалҳо шурӯъ карданд. Дастури мазкур тафсири пурраи пардохту кӯмакпулиҳои иҷтимоии мавҷударо бо замимаи намунаи хуҷҷатҳо, ки шаҳрвандон ва кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми ба расмият даровардан, хонапурӣ мекунанд, фаро гирифта, ба забони тоҷикию русӣ ба табъ расидааст.  Китоби мазкур феълан дар ҷумҳурӣ ягона дастурест, ки тафсири ҳамаи пардохтҳоро дар бар мегирад.  Дастур таҳти машварати муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, номзади улуми иқтисод Сангинов Э. Н. таҳия гардида, ба он коршиноси хориҷӣ, доктори улуми педагогӣ, профессор, раиси Ассосиатсияи омӯзгорон ва кормандони ҳифзи иҷтимоии Украина  Зверова И. Д. тақриз навиштааст.

 

Тибқи иттилои расида, дастур на танҳо барои мутахассисон, балки барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва ҳамаи шавқмандон пешбинӣ шудааст. Китоби мазкур бо теъдоди 700 нусха ва 100 нусхаи электронӣ дар формати CD чоп шуда, дар байни кормандони ҳифзи иҷтимоии зинаҳои гуногуни мақамоти маҳаллии ҳукумат ва китобхонаҳои макотиби олӣ паҳн карда шуд. Қаринаи электронии дастурро аз сомонаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сомонаи пажӯҳишгоҳи вазорати мазкур (www.niitruda.tj) дастрас кардан мумкин аст.

Ҳамчунин, аснои чорабинии мазкур муаррифии натиҷаҳои лоиҳаҳои амалӣ кардаи барномаҳои «Дастгирии таҳсилоти олӣ», «Таҳсилоти миёна», барномаҳои бахши «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и ИҶК-БМ, аз ҷумла лоиҳаҳои «Таъсиси кафедраи ҳифзи иҷтимоӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Таъсиси Ассосиатсияи кормандони ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон» сурат мегиранд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)