Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

Варзишгарони тоҷик аз Қазоқистон бо 8 медал баргаштанд

2 март 2012, 06:01

Тавре аз маркази матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар шаҳри Остона мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба карате-кёкушинкай  миёни наврасон ва ҷавонон 11-14 сола доир гардид: «Дар чорабинӣ 450 варзишгар аз 6   Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон Туркманистон ва Олмон  ширкат варзиданд.


Кишвари моро дар ин чорабинӣ 13 нафар варзишгар аз дастаи мунтахаб таҳти раҳбарии раиси Федератсияи карате-кёкушинкай Ҳикматулло Кароматов намояндагӣ карда зимни рақобат ва қувваозмоӣ  натиҷаҳои хуби варзишӣ ба даст оварда, бо 8 медал ба ватан баргаштанд». Манбаъ афзуд, ҳамин тавр Ҷовид Икромов дар вазни 30 кило ва Сироҷиддин Ҷалилов    дар вазни 40 кило ба гирифтани медали тилло, Фарзод Нуруллоев дар вазни 40 кило ба гирифтани медали нуқра ва Искандар Якубов, Баҳром Бурҳонов, Муҳибулло Нуров, Гулаҳмад Раҳматшоев ва Уктам Давлатов ба гирифтани нишони биринҷии мусобиқа ноил гардиданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!