Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:05

Беҳтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон муайян мешавад

2 март 2012, 11:54

Вазорати энергетика ва саноати кишвар озмуни корхонаи беҳтарини саноатии солро эълон намудааст, ки он аз ду марҳила иборат аст.


Тавре аз ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, марҳилаи аввал дар доираи соҳаҳои алоҳидаи саноат дар даҳрӯзаи аввали моҳи марти ҳамин сол анҷом меёбад. Дар марҳилаи дуввум бошад корхонаҳое, ки дар натиҷаи баҳодиҳӣ нишондодҳои баландро соҳиб гардидаанд, муайян карда шуда, ғолиби озмуни корхонаи беҳтарини саноатии сол муайян  хоҳад шуд: «Айни замон марҳилаи якум дар доираи соҳаҳои саноат идома дорад. Комиссияи вазорат оид ба ташкил ва гузаронидани озмун то 15-уми март ғолиби озмунро муайян менамояд ва маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони озмун ба таври тантанавӣ дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар Вазорати энергетика ва саноат баргузор мегардад».

 

Манбаъ иттилоъ дод, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат, дастраси умум гардонидани таҷрибаи мусбати ташкили истеҳсолот, навсозии техникию технологии корхонаҳо мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!