Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:02

Футбол: Душанбе-мизбони Ҷоми раиси АFK

2 март 2012, 12:31

Тимҳои «Истиқлол»-и Душанбе, «Пномпен»-и Камбоҷа ва “Озмоишгоҳи таҳқиқотии Хон”-и Покистон мизбонони сабқати интихобии Ҷоми президенти АFC  тасдиқ шуданд.


Тибқи иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ, зимнан, дар ин ҷом қаҳрамонҳои 12 кишвар – «Дҳамондӣ» (Бангладеш), «Йездин» (Бутан), «Пномпен» (Камбоҷа), «Тайван Пауэр Компани» (Тайван), «Дордой» (Қирғизистон), «Эрчим» (Муғулистон), «Непал полис клаб» (Непал), «Озмоишгоҳи Хон» (Покистон), «Ал-Аморӣ» (Фаластин), КВ «Ратнам» (Шри-Ланка), «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Балкан» (Туркманистон) ширкат мекунанд.

 

Манбаъ афзуд, дар даври пешакӣ дувоздаҳ даста дар се гурӯҳ рақобат хоҳанд кард. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба сабқати ниҳоӣ, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи ҳалкунанда шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд ва ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, барои Ҷом мубориза мебаранд.Бозиҳои сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси AFC аз 3-юм то 13-уми май дар Тоҷикистон, Камбоҷа ва Покистон баргузор мешаванд.Тими «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, порсол ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфта буд, вале дар марҳилаи ҳалкунанда дар Тайван аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдӣ баромада натавонист. Дастаи «Тайвань Пауэр Компани», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ бар тими «Пномпен»-и Камбоҷа бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, барандаи феълии Ҷоми раиси AFC маҳсуб мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ба ғолиби Ҷоми раиси АFC-2012 50 ҳазор доллар ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Гуфтанист, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!