Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:49

Дар ду моҳ ду неругоҳи хурд бунёд гардид. Эҳдоси 7-то дигар дар назар аст

3 март 2012, 06:35

Тайи ду моҳи ахири соли равон дар Тоҷикистон 2 нерӯгоҳи хурди барқӣ оби бо иқтидори аз 7,5 то 30 килловатт соат нерӯи барқ сохта ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумияшон 37,5 килловатро ташкил медиҳад.


Тавре аз вазорати энергетика ва саноати кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ин нерӯгоҳҳо 54 хоҷагӣ ва 1 адад корхонаи сохтмониро ба нерӯи барқ таъмин менамоянд. Бино ба иттилои манбаъ, феълан дар кишвар бо ҷалби сармоягузориҳои ҳукумати Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, ҳукумати Олмон, Ҷопон, ШСХК «Барқи тоҷик» ва сармоягузорони ватанӣ сохтмони 7 НОБ-и хурд бо иқтидори умумии 2044 килловатт идома дорад: «Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 1 нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 100 килловатт, дар вилояти Суғд 1-то бо иқтидори 475 килловатт, дар ВМКБ 2 нерӯгоҳ бо тавоноии 135 килловатт ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3-то бо иқтидорӣ 1334 килловатт сохта ба истифода дода мешаванд».

 

Лозим ба ёдоварист, аз соли 1991 то имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 267  НОБ-и хурд бо иқтидори аз 5 то 4.300 килловатт сохта ба истифода дода шудаанд, ки иқтидори умумияшон 23 ҳазору 325,1 килловатро дарбар мегирад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!