Бахшҳо
05 мар 2012 07:36Рӯ ба рӯ

Фаттоҳ Саидов: BMW-и писари ман мошини хизматии ӯст

Дар ибтидо ба Хабаргузории «Озодагон» барои имконоти фароҳамоварда ва таваҷҷўҳи ҳамешагӣ ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия изҳори миннатдории худро иброз менамоям.

Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ  самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат эътироф карда шудааст. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонанд.

Таври маълум, ҳанўз ҳам қисме аз аҳолӣ бар он назаранд, ки мубориза бар зидди коррупсия ин вазифаи фақат Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мебошад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  дар баробари мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идоракунии ҳарбӣ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрук низ дар доираи салоҳияти худ бар зидди коррупсия мубориза мебаранд.

Итминони комил дорам, ки дар ҷомеаи мо шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар паст кардани сатҳи коррупсия ҳиссаи сазовор дошта бошанд хеле зиёданд ва дар ҳамбастагӣ мо метавонем дар кори мубориза бар зидди коррупсия муваффақ шавем.

Ба масъулини хабаргузории «Озодагон» ва хонандагони ин пойгоҳ барои саволу маълумотҳои пешниҳод намудаашон миннатдории худро иброз дошта, барои ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия рақами телефонҳои боварии Агентиро пешниҳод мекунам: 221-45-49; 221-48-10; 227-41-39; 234-30-52.

Аз хабаргузории «Озодагон»: Муштариён ва хонандагони арҷманд! Ба ҳамаи суолҳои ирсолнамудаи Шумо ахиран Фаттоҳ Саидов, директори агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб гуфт. Инак, пурсиши Шумо  ва посухҳои Фаттоҳ Саидов. (Имлои суолҳо бетағйир гузошта шудаанд).

Суолдиҳанда: ТОЛИБИ САЙДАР 26.01.2012 11:41#

САЛОМ ЧАНОБИ АБДУФАТТОХ САИДОВ! ШУМО ЯКЕ АЗ РАХБАРОНИ ЧАСУРУ РУШОДГУ ШИНОХТА ШУДАЕД. ВА АГЕНТИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ 5 СОЛА ШУД. МУБОРАК БОШАД БАРОИ ШУМО ВА КОРМАНДОНАТОН ИН 5 СОЛАГИ. ДАР ТУЛИ 5 СОЛ МАРДУМ ХАНУЗ МУНТАЗИРАНД, КИ БА ШАСТИ АГЕНТИ ЯК НАХАНГИ КАЛОН, ЯЪНЕ ЯГОН ВАЗИРУ РАИСИ КУМИТА, РАХБАРИ ШАХРУ НОХИЯЕ МЕАФТАД.ВАЛЕ ХАНУЗ ИН КОР НАШУДААСТ. ФАКАТ ОМУЗГОРУ ТАБИБУ ЗАМИНСОЗРО БА КОРРУПСИЯ МУТТАХАМ КАРДА БОЗДОШТ МЕКУНЕД. ИН КАРРУ ФАРРИ ВАЗИРОНУ РАИСОНИ МО АЗ КУЧОСТ? ГУФТАНД. КИ ВАЗИРИ СОБИКИ МАОРИФ ДАР ДУШАНБЕ СЕ ХОНА СОХТАВУ ПУЛИ ХОНАИ КУДАКОНИ НОХИЯИ РУДАКИ БА ЯГМО РАФТА, ЯЪНЕ МОЛИ ЯТИМОНРО ХУРДААНД, КИ ИН ВАЗНИНТАРИН ГУНОХ АСТ. ВАЛЕ МЕБИНЕМ, КИ ВАЗИРИ СОБИК БОЗ РАИСИ ДОНИШГОХ МЕШАВАД. МАРКАЗИ ЛОИХАХОИ ИНВЕСТИТСИОНИ МИЛЛИОНХО СОМОНИРО ГАЙРИМАКСАДНОК ИСТИФОДА КАРДААНД, ИЗОФАНАВИСИ КАРДААНД, ДАР КОРАШОН КАМОМАДУ ТАСАРРУФИ ПУЛУ АМВОЛ ЧОЙ ДОРАД, ВАЛЕ ЯГОН НАФАР АЗ РОХБАРОНИ ИН МАРКАЗХО МУЧОЗОТ НАШУД, ХАТТО АЗ ВАЗИФА БАРКАНОР НАШУДАНД. БАРОИ ДУЗДИИ ЯК ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ БАЧАИ ЯК ТОЧИКИ КАМБАГАЛРО МУЧОЗОТ МЕКУНАНД, ВАЛЕ БАРОИ ГОРАТИ МИЛЛИОНХО МАБЛАГХО РОХБАРОН БЕЧАЗО МЕМОНАНД. АДОЛАТ КУЧОСТ? ШУМО БИГУЕД, КИ КИХО МОНЕЪИ БОЗДОШТИ ВАЗИРОНУ РАИСОН МЕШАВАНД? ВА ЧАРО ЯГОН МАНСАБДОРИ ОЛИРУТБА ТУЛИ ИН ПАНЧ СОЛ БОЗДОШТ НАШУДААСТ? МЕШАВАД ИМСОЛ УМЕД БАСТ, КИ ХАТМАН ЯК РАИС, ВАЗИР, ВАКИЛИ МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОН Ё ЯГОН РАИСИ БАНК БА ШАСТИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИ МЕАФТАД? АГАР ШУМО ВА КОРМАНДОНАТОН ДАР ОЯНДА ХАМ ОМУЗГОРУ ТАБИБУ ГАИШНИКУ ЗАМИНСОЗОНРО БОЗДОШТ КУНЕД, ХУДО ХОХАД ИН КОРРУПСИЯ ДАР ТОЧИКИСТОН 100 СОЛ БОКИ ХОХАД МОНД ВА ВАЗЪ ТАГЙИР НАХОХАД ЁФТ ВА МАВЧУДИЯТИ АГЕНТИ ХАМ ЗЕРИ СУОЛ МЕРАВАД. ОЁ ШУМО БО МАН ХАМФИКРЕД?

-Агар шахси ин саволро пешниҳоднамуда, яъне мўҳтарам Толиби Сайдар амиқ донад, ки шахси мансабдор амволи бо роҳи ғайриқонунӣ бадастовардаро соҳибӣ карда бошад, дар ин ё он Маркази лоиҳаи сармоягузорӣ миллионҳо сомонӣ ғайримақсаднок истифода шуда бошанд, шахсони ба ин кирдорҳо даст задаро номашро гуфта тавонанд, марҳамат, ба Агентӣ муроҷиат кунанд, шарт нест, ки далели мушаххас пешниҳод кунад, танҳо маълумотҳои дахлдорро пешниҳод кунанд, мо дар доираи қонунгузории ҷорӣ баррасӣ карда, чораҳои дахлдор меандешем. Иштироки чунин шахсон, ки дар ҷараёни миллии муқовимат ба коррупсия саҳми худро мегузоранд ба манфиати ҷомеа мебошад.

Мувофиқи муқаррароти Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аст, чунки зарари фасодзадаи ҳодисаи коррупсия ба насли ояндаи миллат хатарнок аст. Бинобар ин, ба самъи хонандаи мўҳтарам мерасонам, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамасола дар ин самт фаъолияти назаррас дорад ва натиҷаи корҳо мунтазам аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба самъи аҳолӣ расонида мешаванд. Масалан, «Азия плюс» 27 октябри соли 2010 ба таври мушаххас хабар дода буд, танҳо дар давоми 9 моҳи соли 2010 дар 15 Маркази идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории ҷумҳурӣ аз тарафи Агентӣ санҷишҳо гузаронида шуда, дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблағи 13,8 миллион сомонӣ (зиёда аз 3 миллион доллар) ошкор карда шуд. (Маркази идоракунии лоиҳа оид ба барқароркунии системаҳои ирригатсионӣ - 6 миллиону 379 ҳазор сомонӣ, дар Маркази идоракунии лоиҳа оид ба барқароркунии бахши аграрӣ - 2 миллиону 960 ҳазор сомонӣ, дар Маркази оид ба идоракунии захираҳои оби водеи Фарғона» - 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ, дар Марказ оид ба идоракунии таҷдиди роҳҳои автомобилгард - 1 миллиону 235 ҳазор сомонӣ, дар Маркази идоракунии лоиҳаҳо оид ба сохтмони роҳи Шогун-Зигар – 422,9 ҳазор сомонӣ, дар Маркази идоракунии лоиҳа оид ба ислоҳоти низоми тандурустӣ – 389 ҳазор сомонӣ ва ғайра).

Баротов Рустам Оқилович, дар вазифаи Директори идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи имзои якум дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ фаъолият намуда, ба ҷинояти ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағҳо даст зад. Ў тибқи маслиҳати пешакӣ бо сардори Калоннаи сайёри механиконидашудаи №10 ш. Ваҳдат Бойев Раҳмоналӣ дар асоси супоришномаҳои пулгузаронӣ маблағи 341.871 сомониро аз ҳисоби маблағҳои барои сохтмони Барқарорсозии канали магистрали Роҳатӣ ва иншоотҳои он дар ноҳияи Ваҳдат равонашударо ғайриқонунӣ ба суратҳисоби ҶДММ “Статус ЛТД” гузаронида истифода бурдаанд.

Ғайр аз ин Абдуваҳобов Эркинҷон 15 ноябри соли 2006 дар вазифи Директори офиси регионалии Ашти Маркази татбиқи лоиҳаи барқарорсозии ситемаҳои ирригатсионӣ фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба иҷрои вазифаҳои худ бепарвоёна муносибат намуда онро ба таври дахлдор иҷро накард, ки боиси ба таври ҷиддӣ  поймол гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои  қонунан ҳифзшудаи давлат гашта ба Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ» ба маблағи  286.020 сомонӣ зарари молиявӣ расонида шуд.

Оиди ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудаанд, ки шахсони зикршуда бо ҳукми суд ҷазои сазовор гирифтанд.

Дар робита ба ҷавоби ҳамин савол қайд карданӣ ҳастам, ки агар ҳар як шахс масъулияти шаҳрвандии худро дар назди ҷамъият эҳсос намояд ва баҳри иҷрои он кўшиш ба харҷ диҳад, албатта ҷомеаи мо дар кори мубориза бо коррупсия муваффақ хоҳад шуд. Боз такрор менамоям, ки ин кори ҳамаи ҷамъият аст.

Ба мўҳтарам Толиби Сайдар барои саҳмгузориаш дар ҷараёни миллии муқовимат ба коррупсия миннатдории худро изҳор менамоям.

Суолдиҳанда: Ахмад 26.01.2012 14:18#

Асалому алайкум ман дар корхои мухтарам Ф.Саидов барор мехохам зеро ин рох хам пурхатар аст ва масуляти сангин дорад ва хохиши ман аз ин бародар ин вазифа абади нест бояд коре кунед ки дар ин дунё назди ин милат ва дар охират назди Аллох сар баланд бошед ва аз шумо як хохиши дигар хам дорам ки ин хадиси шарифро хамчун шиор хар як корманди худ карор дихед ва ба он амал кунанд худо хохад ин милатро аз ин вабо озод хохад шуд матни хадис ХАМ РИШВА ДИХАНДА ВА ХАМ РИШВАГРИАНДА ДАР ОТАШИ ДУЗАХ МЕБОШАД , АЛЛОХ ёру мададгори шумо бошад дар дунё ва охират сарбаланд бошед дар охир узри маро бипазиред

-Ба мўҳтарам Аҳмад барои таманиёти самимиашон миннатдорӣ изҳор менамоям ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки кормандони мо аз ўҳдаи вазифаҳои хизматии худ ба хубӣ баромада метавонанд.

Суолдиҳанда: Сухроб 27.01.2012 10:23#

Салом, мухтарам Абдуфаттох Саидов,банда аз шумо инро пурсиданиам:Сабаб дар чист, ки идорахои дахлдори мо харчанд алайхи амалхои коррупсиони мубориза мебаранд, вале бовучиди ин хама шумораи ингуна амалхо руз аз руз бештар мегардад?

- Дар ҳолате, ки амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хоса мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сол то сол зиёдтар ошкор карда мешаванд ба назар чунин мерасад, ки дар ҷомеа ҷиноятҳои коррупсионӣ зиёд шудаанд. Дар асл яке аз сабабҳои асосии ин омил дар он аст, ки дар баробари зиёд шудани таҷрибаи мақомот дар кори мубориза алайҳи амалҳои коррупсионӣ, албатта ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ низ зиёд мешаванд. Сабаби дигари ҳанўз баланд будани сатҳи коррупсия дар ҷомеа дар он аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳанўз хеле паст буда, онҳо мустақилона ҳатто оддитарин ҳуқуқҳои конститутсионии худро ҳимоя карда наметавонанд. Аз ин ҳолат мутаассифона қисме аз мансабдорон истифода мекунанд. Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки бо вуҷуди аз ҷониби кормандони Агентӣ чӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва чӣ бевосита дар байни аҳолӣ андешидани чораҳои дахлдор баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ,  ҳанўз ҳам маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ дар дараҷаи хеле паст қарор дорад, зеро худи аҳолӣ ба масъалаи баланд бардоштани маърифти ҳуқуқии худ аҳамияти зарурӣ намедиҳад. Дар ин масъала ба мо лозим аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам фаъолонатар ба роҳ монем.

Суолдиҳанда: +1Хонанда 27.01.2012 10:35#

Мухтарам Фаттоҳ Ғоибович! Ман аз шумо як чизро фахмидан мехохам ва бисёр хохиш мекардам, ки ба суоли ман поквичдонона ва аз руи адолат чавоб бигуед! Шояд ба гуши шумо хам расида бошад, аксарият бар он назаранд, ки Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Точикистон худ корупсия мекунад "порагири мегирад" ва фаъолияти ин ниходро бар зарири кор медонанд! Гузашта аз ин Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияро фасодзада унвон мекунанд. Мархамад карда мегуфтед, ки назари шумо чи аст?

-Агар Шумо далели мушаххасе дар бораи гирифтани пора ва ё мақсади гирифтани пора аз ҷониби кормандони мо дошта бошед, метавонед тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ба Агентӣ муроҷиат намоед ва саҳми худро дар тоза кардани сафҳои мақомоти зиддикоррупсионӣ гузоред. Ман тайёр ҳастам шахсан худам Шуморо қабул намоям.

Суолдиҳанда: Манучехр 27.01.2012 10:46#

Салом чаноби А. Саидов, хохиш мекунам ба суоли банда чавоб дихед,ки шумо то кадом андоза аз зердастони худ итминон хастед ва бо боварии комил гуфта метавонед, ки онхо масъулияти бардуш гирифтаи худро содикона ичро намуда, даст ба ингуна корхои фасод намезананд?

-Ман албатта ба кормандони худ итминон дорам ва боварӣ ҳаст, ки аксарияти кулли онҳо ўҳдадориҳои хизматиашонро софдилона иҷро менамоянд. Шояд нафароне ҳастанд, ки манфиати шахсии худро аз манфиати давлат ва ҷомеа боло гузошта даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зананд. Мо ҳам тарафдори он ҳастем, ки агар чунин шахсони тасодуфӣ бошанд бо ёрии Шумо сафҳои худро аз онҳо тоза намоем.

Дар ин робита ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дар Агентӣ Раёсати амнияти дохилӣ ва Раёсати кадрҳо баҳри ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани чунин ашхос масъуланд. Агар маълумоте нисбати кормандони мо дар бораи амалҳои коррупсионии онҳо дошта бошед метавонед бевосита ба роҳбарияти Агентӣ  ё ба Раёсатҳои зикршуда, ё тавассути сайти Агентӣ муроҷиат намоед, ки муроҷиати Шумо дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба натиҷааш қарори дахлдори қонунӣ қабул карда хоҳад шуд.

Суолдиҳанда: +1Бачаи хуб! 27.01.2012 15:23#

Чаноби Саидов! Шумо бовар мекунед, ки вазирони точик бо маоше, ки мегиранд чунин касру кушк созанд? Як вакт собик прокурори генерали гуфта буд, мошинхои гаронарзиши прокурорхоро хешовандони онхо, ки дар Русия кор мекунанд харидаанд. Шояд касру кушкхоро вазирони мо хам бо пули бародарони дар Русия будаашон харидаанд? Хамчун раиси як ниходе, ки бо коррупсия мубориза мебарад ягон бор ба худ савол додаед, ки мансабдорони точик ин кадар пулро барои мошинхои гаронарзишу хонахои бодаб-даба аз кучо меёбанд? Илтимос факат нагуед, ки Шумо ягон вазирро намедонед, ки манзили бодаб-даба дошта бошад. Агар ин гапро гуед, эътикодам аз Шумо ба унвони як нафари ба касбаш содик мегардад. Боки муваффак бошед!

-Ҷомеаи имрўзаи мо демократӣ ва дунявӣ буда, иқтисодиёти бозоргонӣ ҳукмрон аст. Аз ин рў дар ҷомеа тиҷорат ривоҷ ёфта, иқтисодиёти мамлакат сол ба сол рў ба беҳбудӣ овардааст. Касе, ки ҳоҳад озодона ба тиҷорат машғул мешавад. Аз тиҷорат албатта ҳар кас муносиби фаҳмиши иқтисодӣ ва тиҷоратии худ баҳра мегирад. Асос ҳамин аст, ки андозҳои муайян намудаи давлатро сари вақт пардозад, боқимонда фоидааш дар ихтиёри худи ўст. Ҳар кас чизе, ки хоҳад бунёд кунад (албатта дар доираи қонунгузории имрўзаи Тоҷикистон), озод аст, хоҳ вазир аст хоҳ тоҷир.

Дигар ин ки дар ҷомеаи мо, ки ҳуқуқбунёд аст эҳтимолияти бегуноҳӣ амал мекунад. Агар дар рафти тафтишу санҷишҳои мо исбот шавад, ки қасру хонаҳои боҳашамат аз ҳисоби амалҳои коррупсионӣ бунёд ёфтаанд ва ё автомашинаҳои гаронарзиш аз ин ҳисобҳо харидорӣ шудаанд, албатта чораҳои қонунӣ андешида хоҳанд шуд.

Суолдиҳанда: Джасур Абдуллоев 27.01.2012 16:41#

1. Оё рост аст, ки шумо ба ронандаи худ супориш додед, ки дигар овози Сайидехсони Чалолиёнро аз Радиои Имруз дар мошинатон нашунавед? 2. Ба андешаи шумо рохи аз хама асосии кохиш додани коррупсия дар чист?

- Ба қисмати аввали саволи Шумо ҷавоб доданӣ ҳастам, ки ин гап ягон асоси воқеӣ надорад. Вобаста ба қисмати дуюми савол ман аллакай дар пешгуфтор ҷавоб додам.

Суолдиҳанда: Салим 27.01.2012 16:43#

Дар нишасте вобаста ба саволи он ки чаро макомоти коррупсия ба вазирон кор намегирад, изхор доштед, ки махз баъди хисоботи Шумо дар назди президент оиди фаъолият вазорати маориф вазири пешин Абдучаббор Рахмонов аз вазифааш гирифта шуд, яъне дар реша давондани фасод дар ин макомот мавсуф айбдор дониста шудааст. Аммо боз АБдучаббор Рахмонов дар муаасисаи дигар соха (Донишгохи омузгори) ба хайси рохбари он бозхонда шуду макомоти корупсия хомуш нишаст. Чаро? Чунин рафтор бештар ба назар мерасад, ки сохибмакоме бо чурми фасод мутаххам мешаваду, боз дар дигар чой вазифаи воломакомро сохиб мегардад. Оё бо чунин муносибат метавон фасодро кохиш дод? Агар бо чунин чурм мансабдоре мутаххам гардад, дуруст нест, ки тамоман аз соха барканораш карду дар чои дигар хам вазифааш надод ва бо икдом дигар порахуронро тарсонид.

-Аввал ин ки мақомоти Агентӣ собиқ вазири маорифро барои содир кардани  амалҳои коррупсионӣ муттаҳам накардааст, яъне ў барои фасодкорӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст. Дар хусуси камбудиҳои аз ҷониби ў роҳ дода, ки дар рафти санҷишҳои мо ошкор карда шудаанд, ба Президенти мамлакат ахборот дода шуд. Президенти мамлакат дар асоси ахбороти манзуршуда қарорашро баровард. Дигар ин ки аз вазифа рафтан ҳам худ ҷазост. Шахсро таъқиб карда, нагузорем, ки ба ў дигар дар ягон ҷо вазифа надиҳанд, ин албатта на дар доираи қонунгузории Тоҷикистон аст, на аз рўи адолат.

Суолдиҳанда: Юсуф аз Кулоб 27.01.2012 17:06#

Ман хатмкардаи мактаб-интернати №13-и нохияи Шуроободи вилояти Хатлон астам, ки вакти дар ин мактаб хонданам медидам ки рохбарияти ин таълимгох хаки хонандагони ин мактабро, ки аз хисоби созмонхои хайрияви ва вазорти маориф чудо мешуданд, ба манфияти шахсии худ истифода мебурд.Масалан либос ва маводи озукавори барои мо меоварданд,ки хамаи он ба мо намерасид.Холатхое мешуд ки хонандагони мактабро ба хонааш бурда кор мефармуд. Як руз гуфтанд ки ин мактабро тафтиш кардан омадаанд,вале аник намедонам ки аз чониби кормандони Шумо буд ё дигар ниходи дахлдор, вале баъди хамон тафтишот директори ин мактаб боз зиёдтар амалхои пешинаашро, ки дар боло гуфтем,такрор мекард.Оё дар хакикат Шумо боре ин мактабро аз тафтишот дар хусуси чой доштани амалхои коррупсиёни,гузаронидаед? агар ха пас чаро зимни он ошкор кардед ва агар не аз Шумо хохиш мекунам як бор ин масъаларо дида бароед, хохиш мекунам.

-Саволи Шумо ба маврид аст, ба Агентӣ шаҳрвандон мунтазам, аз ҷумла оиди чунин ҳолатҳо муроҷиат мекунанд, агар Шумо ба назди ман омада, ба таври мушаххас ба ин ҳолатҳо равшанӣ меандохтед, албатта онҳоро санҷида баромада, қарори қонунӣ қабул мекунем, чунки вазифа ва самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳифзи манфиати бепарасторон ва маблағҳои давлатии ба онҳо ҷудошуда мебошад, ин гуна масъалаҳо зери назорати қатъӣ гирифта мешаванд.

Аз ҷониби кормандони мо мактаб-интернати мазкур мавриди санҷиш қарор дода нашудааст. Санҷиши молиявӣ дар мактаб-интернати зикршуда аз ҷониби аудитори молияи минтақаи Кўлоб ба амал бароварда шудааст. Масъалаи мазкурро мо баррасӣ карда, аз натиҷааш аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба Шумо маълумот хоҳем дод.

Суолдиҳанда: Чамшед 30.01.2012 14:45#

Шунидам ки ба хотири шафофияти истифодаи мабалгхои бучет аз чониби вазоратхонахо шумо пешниход намудаед, ки хар як вазоратхона дар кадом масъала, кай ва чи микдор мабалаги бучетр истифода бурдааст махсус дар сайташон чо кунанад, вале ин пешниходи Шумо то хол амали нашудааст, сабаб дар чист? То кучо рохандозии чунин пешниход имконпазир аст? Шумо вокеан хам дар мувофика бо рохбарияти вазоратхона метавонед ин корро кунед?

- Яке аз талаботҳои Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2012  ин таъмини шафофияти ташаккул ва истифодаи буҷети ҳамаи сатҳҳо, баланд бардоштани шафофияти усулҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсад дар ҷумҳурӣ ҳукумати электронӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он бояд чунон ба роҳ монда шавад, ки барои ҳар як фарди ҷомеа дастрас бошад. Ҳанўз ибтидои кор аст, боварӣ ҳаст, ки дар ин самт мо муваффақ хоҳем шуд.

Суолдиҳанда: Шердил. Хонанда 30.01.2012 17:01#

Салом А.Саидов ман ба шумо як савол дорам, мегутед, ки дар Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Точикистон чанд тан аз хешу таборатон фаъолият мекунанд? Умуман дар ин ниход ки шумо рохбарии онро ба ухда доред, хешутаборчиги вучуд дорад?

-Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нафар аз хешовандони ман кору фаъолият надоранд. Дар мақомоти мо ба кор қабул кардан қатъиян аз тариқи озмун ба роҳ монда шудааст, ҳангоми қабул ба кор умуман ба хешутаборчигӣ роҳ дода намешавад. Агар мабодо бовар надошта бошед, ман тайёр ҳастам Шуморо қабул намоям.

Суолдиҳанда: Ватандуст. Мухочир 30.01.2012 17:26#

Салом ба чаноби Фаттох Саидов, ба шумо як саволи бисёр ба маврид ва саривакти дорам. Мегуфтед, ки мохонаи кормандони корупсия чикадар аст ва даромади хангуфтро бо кадом рох ба даст меоронд? Зеро дар як маърака нишаста будем як корманди шумо бисёр бо ифтихор ба таърифи чойи кораш шуруъ карда гуфт, ки кори мо хам мохонаи хуб дораду хам даромади нагз, даромадаш аз мохонааш нагзтар аст илова намуд зердасти шумо! Як хамсухбатамон бо таачуб ба ин корманди шумо нигариста гуфт: "Ту як донишкадаи иктисодиро 6-7 сол ба зарби порадихи хатм карди намедонам ба ту чихел диплом доданд боз ту бо кадом рох ба корупсия ба кор даромади? Чихел бо кадом саводат туро ба кор гирифтанд?" У мегуяд "саводи мо дар киса аст бобо, хести ки хови замона дигар шуд саводро не кисаро нигох мекунанд кисаро". Аз суханони у хама дар хайрат монданд. Ин вокеият аст!

-Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки маоши миёнаи кормандони мо зиёда аз ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳақиқат агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад, ин пеш аз ҳама, аз ахлоқи пасти ҳамон корманд шаҳодат медиҳад ва ҳамчун вайронкунии Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби корманди Агентӣ ба ҳисоб меравад. Аз Шумо хонандагони арҷманди хабаргузории «Озодагон» эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар ҳолати доштани маълумот нисбати чунин кормандон шахсан ба ман ё ба Раёсатҳои кадрҳо, амнияти дохилӣ ба таври шифоҳӣ бошад ҳам, хабар диҳед, нисбати чунин ашхос чораҳои қонунӣ андешида хоҳад шуд.

Суолдиҳанда: Khujand 31.01.2012 01:26#

Malum ast ki fasod na faqat dar yak tojikiston hast,kullan gired dar tamomi kishvarhoi dunyo to kishvari peshrafta vujud dorad.Haddi rohi inro giriftan ham oson nest.Man pursidani agar to maoshi mardum,zindagish bolo naravad kujo halki bechora az fasod dast mekashad,misole ki miniseri maorifro po peshnihodi vazorati shumo az kor giriftan hele hub bud,dar voke bovarii ziyod nadoramu az sababi porahuri uro girifta boshand.Man guftani hastam ki hamin ministero dar bolo chi kadar botajriba boshand,sahtgiru halolkor boshand to korgari oddishon suhannashonro metavonand guzaronida,man gufta hastam agar vaziru raisoni volomaqomro avval az fasod dur soht,yane pokizakorro dar vazifa guzosht.Medonam raisoni volomakomro kuvvai az vazifa sabukdushkardanro vazorati shumo nadorad,akalan ba prezident murojiat kuned,baroi chi sahtgir nested?! Nazdiki dar habar hele misoli ziyode ovarda buded dar borai vazorathoi fasodzada,baroi mardum chi lozim karnay navozi dar amal boyad ijro kard?

- Дар ҳақиқат вобаста ба дараҷаи тараққиёти иқтисодиёти ҷумҳурӣ маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ муқаррар карда шудаанд. Сол ба сол дар доираи имкониятҳои мавҷуда маошҳо баланд карда мешаванд, вале иқтисодиёти имрўзаи мо имконият намедиҳад, ки маошҳо аз ин баландтар бардошта шаванд.  Бо мурури пешрафти иқтисодиёт албатта маошҳо  ҳам зиёд карда мешаванд.

Вобаста ба қисми дуюми саволатон қайд карданӣ ҳастам, ки доир ба ҳар як камбудиҳои ҷиддие, ки дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти мо ошкор карда мешаванд ба Президенти мамлакат ахбороти дахлдор пешниҳод карда мешавад.

Суолдиҳанда: Дишод. Корчу 31.01.2012 14:15#

Мухтарам чаноби Фаттох Саидов. Ман 26 сола хастам соли 4-ум аст, ки факултети хукукшиносии Донишкадаи Иктисодии Точикистонро хатм кардаам, аммо то хол чойи кор пайдо накардаам,мегуфте,ки оё роххои ба Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон вучуд дорад? Шумо кадрхои чавонро чи гуна ба кор кабул мекунед?

-Чӣ тавре дар боло қайд кардам қабул ба кор дар мақомоти мо қатъиян тавассути озмун ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми пайдо шудани ҷойҳои холӣ дар рўзномаи «Ҷумҳурият» эълони озмун  чоп карда мешавад. Дар давоми 14 рўзи баъди эълони озмун ҳуҷҷатҳои довталабон қабул карда шуда, сипас комиссияи озмун онҳоеро, ки ҳуҷҷатҳояшон ба талаботи озмун ҷавоб дода метавонад ба озмун роҳ медиҳад. Ба ҳайати комиссияи озмун кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ботаҷрибаи Агентӣ шомил мебошанд.

Суолдиҳанда: Курбон. Донишчу 01.02.2012 16:44#

Салом мухтарам Фаттох Саидов, ман ба шумо як суол дорам, пушида нест, на хамаи донишчуён ба донишгоху донишкадахо ба дониши казоии худ дохил мешаванд, гузашта аз ин дар рафти тахсил хам ахвол хамин аст хар як санчишу имтихон стафкаи худро дорад. Мегуфтед, дар давоми 5 соли фаъолиятатон фасодкории чанд муалими донишгоху донишкадахоро ошкор кардаед? ва чанд нафар муалимони порпгир ба чавобгари кашида шудаанд?

-Дар давоми панҷ соли фаъолият, яъне дар давоми солҳои 2007-2011 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  83 ҳолати гирифтани пора ва ё қаллобиии муаллимони донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои ҷумҳуриро ошкор карда, 96 нафар муаллимонро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст.

Суолдиҳанда: Донишчуи факултети таърихи ДМТ 02.02.2012 12:05#

Салом мухтарам чаноби фаттох Саидови азиз. Ба маълумоти Шумо мерасонам ки дар кафедараи мо (кафедраи муносибатхои байналхалкии (дипломат) факултети таърихи ДМТ)як омузгоре мебошад, ки дар вакти санчишу имтихонхояш аз донишчуён беадалатона, новобаста аз сатхи дониши мо донишчуён пул мегирад, китобхояшро ичборан ба мо мефурушад бо нархи 50 сомони ва холатхое шудааст, ки барои ичозат гирифтан ба санчишу имтихони ин кас даромадан, китобашро аз 50 сомони хам киматтар мачбуран ба мо мефурушад. Яъне то китобашро нахари ба санчишу имтихонаш рох намедихад.Барои он номи аслиямро дар ин чо наовардаам ки метарсам яки хоричам мекунанад, чунки чанд донишчуеро дидам ки дар ин факултет аз ошкоргуяшон хорич шуданд. Вале агар кафолат дихед ки маро барои ин суханхоям хорич намекунанд, ман бо ифшои номи аслиям исбот мекунам ки ин омузгор новобаста аз

чавоби додаам зимни имтихонаш аз ман пул гиифтааст. РОЗИ ШУДА МЕТАВОНЕД БО ИН ПЕШНИХОДИ МАН? ташаккур ба масъулини хабаргузории Озодагон ки барои мо чунин минбарро барои гуфтани андешахоямон фарохам сохтааст...

-Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки хабар додан дар бораи омилҳои коррупсионӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аст. 29 декабри соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» қабул карда шуд, ки тибқи қонуни мазкур давлат ҳимоияи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятиро кафолат додааст. Ҳамчунин моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» кафолати дахлднопазирии шахсонеро, ки ба мубориза бар зидди коррупсия мусоидат менамоянд муқаррар намудааст. Донишҷўи мўҳтарам, Шумо метавонед ба Агентӣ муроҷиат намоед ва чунин кафолатро ба Шумо таъмин менамоем.

Суолдиҳанда: Некруз 03.02.2012 16:46#

Мухтарам Фатох Саидов! Ман аз он нафароне хастам,ки Шуморо аз даврони донишчуи мешиносам. Дар хакикат Шумо аллакай дар аёми донишчуи дар байни мо донишчуён обрую эътибори хоса доштед.Дар хама маврид мо донишчуён дасти кумаки шуморо хис менамудем ва дар хали мушкилотамон чорачуи мекадед. Вале имруз бисёрии хамсабакон мегуянд бо шумо вохурдану сухбат оростан бисёр мушкил аст . Ин аст,ки ман салому дуруду паёми самимонаи онхоро ба Шумо мерасонам аст. Боврамии комил дорам ки поквичдонию росткорию халимию хоксориятон Шуморо ба ин мартаба расонидааст.Бо хар хол мо аз Шумо ифтихор мекунем. Инак савол.Он чиз ки аён аст хочат ба баён нест. Ман касру кушку бустонсарою мошинхои гаронарзиши мансабдорони точикро дар назар дорам. Хама медонанд,чуенки мебинанд. Мегуянд, ки Чаноби Оли хама инро намедонад вагарно хатман чора медид.Ё ин ки чи хеле. ки байни худ мардум мегуянд "ярмаркаи фуруши чой(мансаб)-хои холи, ки дар он шахсони бесавод, ки маблаг доранд тавассути миёнаравхои харомкору харомхур сохиби вазифа мешаванд. Баъд окибаташа мебинед ки дар хамун соха ба чи корхое даст намезагад. Хулоса инро Шумо аз хама бехтар медонед. Магар Шумо шахсан метавонед ба Чаноби Оли вазъи вокеии холатро расонед. Чунки мегуянд, ки касе аз наздик гайрати дар назди Чаноби Оли сухан кардан надорад. Агар Шумо хам хомуш бошед Вичдонатон азоб намедихад? Ба Хабаргузории "Озодагон" ташаккур!

-Дар ҳақиқат ин хел нест, ҳар рўзи шанбе ман ҳар шаҳрвандро аз субҳ қабул намуда, муроҷиатҳои онҳоро бевосита баррасӣ менамоям. Дарҳои ман барои ҳама кушода аст.

Ба қисмати дуюми саволи Шумо чунин ҷавоб медиҳам, ки мувофиқи муқаррароти моддаҳои 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Директори Агентӣ бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад. Аз ин рў ман ҳамчун Директори Агентӣ мунтазам оид ба натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашуда ва муқаррар намудани сабаб ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар асоси далелҳои ҳуҷҷатӣ ва таҳлилҳои мутахассисон ба роҳбари давлат ахборот медиҳам.

Суолдиҳанда: Фаридун аз Амрико 04.02.2012 10:50#

Салом мухтарам Фаттох Саидов. Ое барои дар мансаб омадани Шумо писаратон накши мухим дошт е не? Мегуянд, ки писаратон аз дустони наздики Рустами Эмомали мебошад ва у падари дусташро ба падари президенташ муаррифи кардааст. Агар чунин бошад ин холат магар коррупсия нест? Умуман дар бораи накши халкунанда доштани писарони мансабдорони калон дар ин е он соха дар Точикистон чи назар доред? Илтимос вакти чавоб додан Худоро хатман ба ед оред, ки У дуруггуро чазо медихад. Бароятон муваффакият хохонам.

-Бародари гиромӣ Фаридун! Дар ҳақиқат писари ман бо писари Президенти мамлакат дўсти наздик буда, аз соли 1996 дар мактаб дар як синф таҳсил намуда, дар донишгоҳ низ дар як гурўҳ таҳсил карда, то имрўз дўстӣ доранд. Пеш аз ҳама дар ташаккули шахсияти писари ман – ҳам тарбияи ахлоқию маънавӣ ва ҳам зеҳнии ў ин дўстии онҳоро мусбат арзёбӣ мекунам.  Лекин ногуфта намонад, ки ман дар аксари зинаҳои мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарӣ кор карда омада, фақат соли 2009 бо Фармони Президенти мамлакат ба ин вазифа таъин гардидам, яъне баъди 13 соле, ки писари ман бо писари Президент шинос буданд. Дар хусуси қисмати дуввуми саволи Шумо ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки вақте ин ё он мансабдор фарзандони худ ё хешу табори худро ба вазифаи худ наздик мекунад ба фикри ман ба оқибати хуб намеорад, ин гуна шахси мансабдор обурў ҳам намегирад, зеро аз чашми мардум ҳеч кор пинҳон намемонад.

Суолдиҳанда: Дусти Дуст 04.02.2012 13:27#

Чаноби Саидов! Мегуянд, писари Шумо бо охирин тамгаи мошини BMV сайругашт мекунад. Ба зиндагии хонаводагиятон дахл кардани набудаму аммо бароям чолиб аст донистани ин ки фарзандатон чи ихтисос дораду чанд сола аст ва чи кор мекунад, ки тавониста чунин мошин бихарад.

Ман хам солхои дароз аст, орзуи сохиб шудани як мошинро мекунам.Аммо Москвич харида наметавонам, бо маоши кор мекардагиам.

Каблан барои посухатон ташаккур!

-Бародари азиз, дар хусуси он ки мошинаи писари ман хориҷӣ аст, дуруст қайд кардед, лекин BMW нею Toyota corolla аст. Писари ман 26-сола буда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Дар ҳозира Президенти клуби футболи «Истиқлол» ва намояндаи яке аз ширкатҳои калони Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки ба истеҳсол ва фурўши либосҳои варзишӣ машғул аст, мебошад. Дар зиндагӣ аллакай мустақил аст, маоши хеле хуб мегирад. Автомашинае, ки Шумо қайд кардед BMW мошинаи хизматии ширкати онҳо мебошад.

Суолдиҳанда: Исломчон Шарипов 04.02.2012 18:45#

Ба диккататон ставкаи хатмии баъзе макомоти давлати дар вилояти Сугд:

1. Таможня (хар як вагон ё мошинба) -50 100 доллари америка

2. Гостандарт - аз 150 сомон, вобаста ба бор

3. Таргови палата- аз 50 сомон хар як транспортба

4. Карантин - аз 300 сомон хар як транспортба

Ман хозир бизнес кати машгул нестам барои хамин наметарсам ва хамаша рост мегуям.

Таможникои хозира черезчур гузарондаги. Хар як чиба предератса мекунану пул зиёдтар мегиранд.

- Дар ҳақиқат дар соҳаҳои номбарнамудаи Шумо ҳам сатҳи коррупсия боло рафтааст. Мо дар ин самтҳо низ корҳои заруриро бурда истодаем ва натиҷаҳо ҳам ҳастанд. Дар оянда кор дар ин самт албатта боз ҳам пурзўртар хоҳад шуд.

Дигар ин ки, агар ҳар як шаҳрванд қарзи шаҳрвандии худро баҳри пешрафту тараққиёти Ватани азизамон Тоҷикистон аз рўи виҷдон софдилона иҷро намояд ва бо ҳар роҳи қонуние, ки имкон дорад бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза барад, худро дар канор нагирад, пешравиҳои мо боз ҳам назаррастар мешуданд. Фақат дар муборизаи дастҷамъона мо метавонем сатҳи коррурсияро дар  ҷомеа паст намоем.

Суолдиҳанда: Нурали 05.02.2012 11:28#

Мухтарам Фатох Саидов банда низ Шуморо аз овони донишчуи ва кор хануз аз даврони Шурави мешиносем. Ва аз суханони наздикони Шумо хабар дорем, ки Шумо то хол марди хоксор ва мехнатдуст боки мондаед ва ин ифтихор ва обруи хукумат ва пеш аз хама худи Шумо мебошад. Фикр мекунам, ки бо ин урфу одат ва (минталитети) - и точики бари хама хуб буда, наметавони ва мардуми мо аз руи дигар арзишхо одамонро дар бисёр мавридхо бахо медиханд. Далел он аст, ки Шумо дар ин вазифаи хеле вазнин ва пурмасъулият содик бошед, мардум худаш бахо медиханд. Аз сухбат бо мардум маълум аст, ки баъди ба вазифа гузаштан, Шумо нисбати чавонони болаёкат ва кадрхои баландихтисос ахамияти чидди медихед, лекин гоххо баъзе коркунони Шумо дар баъзе чойхо нисбати худи Шумо ва фаъолияти коргохатон нохурмати карда, номи агентиро догдор мекунанд. Фигр мекунам, ки агар ин камбудихоро сари вакт бартараф намоед дар дастачамъи, нуран аъло нур мешавад.Чизи дигар он аст, ки шумо метавонед, чун таи хафтахои охир пурзур кор намоед, мефахмем, мушкил аст, лекин дар баъзе мавридхо фидоии кор ва вазифаи худ будан лозим аст. Шумо низ метавонед баъзе камбдихои чидди рохбарони воломакоми кишваро ба рохбари давлат ошкор созед, чуноне ки дар боло дигарон кайд карданд. Хамаашро худатон нагз медонед. Барои Шумо барори кор ва бурдбоихоро хохонем.Ба хабаргузории "Озадагон" ташакур мегуем!

-Ташаккур барои ниятҳои некатон. Ба саволҳои худ Шумо дар ҷавобҳои ба саволҳои дар болотар буда ҷавоб пайдо карда метавонед (ҷавоб ба саволҳои муҳоҷири Ватандўст, Некрўз ва дигарон).

Ҳаминро илова карданӣ ҳастам, ки дар худи Агентӣ низ Барномаи дохилиидоравии мубориза бо коррупсия қабул карда шуда, мавриди иҷро қарор дорад. Ҳамасола кормандонеро, ки даст ба корҳои нопок мезананд, ба амалҳои коррупсионӣ роҳ медиҳанд ошкор карда, мо бо онҳо хайрухуш мекунем. Нисбати кормандоне, ки ҷиноят содир мекунанд парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашем. Масалан, соли 2010 барои содир кардани ҷиноят нисбати 2 корманд ва соли 2011  нисбати 1 корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расонидани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудаанд, ки онҳо бо ҳукми суд маҳкум карда шудаанд.

Ҳамчунин, барои вайрон кардани талаботҳои Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ танҳо дар соли 2011-ум 4 нафар аз мақомот хориҷ карда шуда, бо дигар сабабҳо 35 нафар кормандон аз вазифаҳояшон сабукдўш карда шудаанд.

Суолдиҳанда: Кобил Рахимов 06.02.2012 08:53#

Мухтарам раис.

Шумо мухлиси футбол хастед? Дар футбол доварон низ порагири мекунанд, ки натичаашро бо тахлилхои "ду карат ду", муайян намудан мумкин аст. Дар ин чода ягон кор кардаед ва ё ягон чора андешиданиед? Зеро имсол рохбарии ФФТ иваз шудааст ва мо умедворем, футболи точик анакнун рушд хохад кард. Ва маълум аст, ки дар Точикистон он сохае, ки ру ба рушд меорад, хатми зери порахурию ханноти ва коррупсия карор хохад ёфт (ин факт аст, хочати тахлил не).

- Бале, ман ҳам мухлиси футбол ҳастам. Мутаассифона, ягон ҳолати роҳ додан ба фасодкориро дар мусобиқаҳои варзишӣ  ошкор накардаем, лекин дар ин самт корҳои зарурӣ рафта истодааст ва дар сурати ошкор кардани чунин ҳолатҳо ба самъи омма расонида хоҳад шуд.

Суолдиҳанда: Said 08.02.2012 17:34#

Salom raisi muhtaram Abdufattoh Saidov.

Voqean imruz Shumo yak vazifai biser purmasuliyatro ba uhda dored va fikr mekunam sazovori vazifai khud niz hasted.Zero biser masalahoi korupsioniro dar kishvar peshgiri kardaed.

Raisi Muhtaram Man Za

Мӯҳр
Манучехр Шарипов
Салом, мухтарам Абдуфаттох Саидов,банда дар корхои ояндаатон мувафакиятхои зиёдеро таманно дорам,Шуморо бо ин мохи баракоту хайрот мохи пур аз ризку фаровони, мохи омурзишу бахшиданихо муборак мегум, ва аз шумо инро пурсиданиам: Манучехр Шарипов хастам соли 2011 Донишгохи миллии Точикистонро ба ихтисоси (иктисодчи менечер) ба итмом расонидам ! Оё роххои ба Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон вучуд дорад? Ташшакури зиёд

К
НМанучехр Шарипов,
Манучехр Шарипов,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)