Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:12

Шодбоши Мирзошоҳрух Асрорӣ ба журналистон

5 март 2012, 09:10

Вазири фарҳанги Тоҷикистон ба ифтихори рӯзи матбуот ва 100 -солагии матбуоти тоҷик кулии кормандони ВАО-и кишварро табрик кард.

Зимни ироаи номаи шодбошиаш аз ҷумла изҳор дошт, ки тайи ин 100 соли пуршараф матбуоти тоҷик равандҳои мухталифро паси сар карда, ба марҳилаи нав ворид гардид ва ба яке аз унсурҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими давлати соҳибихтиёр табдил гардида, дар рушду нумӯи ҷомеаи навину ташаккули арзишҳои демократӣ нақши арзанда мегузорад.

 

Номбурда ҳамчунин афзуда, ки имрӯз нақши рӯзноманигорон дар инъикоси корнамоию шуҷоати мардуми Тоҷикистон дар бунёди иншоотҳои муҳими стратегии кишвар хеле калон аст: «Рӯҳияи демократикунонии ҷомеа ба ташаккули маҳорати касбӣ , тарбияи кадрҳои соҳаи рӯзноманигорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва одоби рӯзноманигорӣ мусоидат намуд. Рӯзноманигорони тоҷик чун узви пешқадами ҷомеаи кишвар қалами буррою сухани сафарбаркунандаи худро тавъам ба инъикоси воқеъбинонаи шукофоии Меҳани аҷдодиву куҳанбунёдамон равона сохта, аз мардуми азизи кишварамон даъват ба амал меоранд, ки ҳар яке дар хурраму сарсабз гардонидани шаҳру деҳоти мамлакат саҳмгузор бошанд».

Ҳамзамон, вазири фарҳанг гуфтааст, боварии комил дорем, ки рӯзноманигорону кормандони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ масъулияти ба зиммадошташонро содиқона ва бо дасту дили пок иҷро карда, маҳорату малакаи касбии хешро сарфи корҳои созандагию ободкорӣ ва беҳбудии ҷомеаи навинамон менамоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!