Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 январ 2017, 13:05

Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон. Бо Путин

5 март 2012, 12:15

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин, нахуствазири феълии Русия, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳури он кишвар баранда шуд, гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.


Тибқи иттилоъ, президенти Тоҷикистон Путинро  бо пирӯзӣ дар сабқати президентӣ табрик карда, хостори тақвияти ҳамкориҳои судманд гардидааст..
Маврид ба ёдоварист, субҳи имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон унвонии Владимир Путин паёми табрикӣ ирсол карда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотии худ Русияро шарики стратегии Тоҷикистон хонда, изҳори итминон кардааст, ки давраи нави раҳбарии Путин ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!