Бахшҳо

Панҷакент: «Рӯзи модар» бо шукӯҳи хос ва ширкати 500 бону таҷлил мегардад

Бо мақсади эҳё ва намоиши ҳунару анъанаҳои миллӣ, маҳорату истеъдоди кадбонугӣ, тарбияи духтарон оид ба завқи пухтупази таомҳои миллӣ ва омодагии онҳо ба зиндагии мустақилона  ҳанӯз санаи 20.02.2012 қарори раиси шаҳри Панҷакент «Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин»  ба имзо расида буд.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» озмуни  «Кадбонуи беҳтарин» бо ширкати занону бонувони шаҳру  деҳоти Панҷакент оғоз гардид, ки дар арафаи Рӯзи Модар ҷамъбаст мегардад. Манбаъ афзуд, мутобиқи низомномаи тасдиқгардида, ки шартҳои озмун муайян гардидааст, ҳайати кумитаи тадорукот ба ҳунару завқи занону духтарон ба маҳорати баланди пазандагии таомҳои миллӣ,  пешниҳоди услуби тарзи ихтирои намуди нави таом ва эҳёи хӯроки миллии фаромӯшгардида, омода намудани дастархон, ҳаракат ва одоби баланди пешниҳоди таом бо қироати шеърҳо дар васфи Модар, баҳор, Наврӯз, малакаи муоширати онҳо диққати махсус медиҳанд.

Гуфта мешавад, то имрӯз дар маҳаллаҳои  Шодиёна, 10-солагии Истиқлолият, Шафтолузор, Гулистон, Қайнар, Сои Зебон, Суғдиён, Азизобод ва дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, Х.Ҳасан, Л.Шералӣ, Саразм, Чинор, Сӯҷина озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Ба қавли манбаъ, озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар шаҳру деҳоти Панҷакент идома дорад ва он дар арафаи «Рӯзи Модар» дар  тантанаҳои идонаи ҷашнӣ, ки дар  Кохи фарҳанг бо иштироки  500 нафар занону бонувони Панҷакент баргузор мегардад, ҷамъбаст карда мешавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)