Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:39

Юлдошев: Таъини Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон муносиботи ду кишварро тақвият бахшид

6 март 2012, 03:08

Чанде қабл Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар кохи Тувайқи шаҳраки дипломатии Риёз маҳфили дӯстӣ орост.


Тибқи иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, шабнишинии мазкур бахшида ба таҷлили 20-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ сурат пазируфт, ки дар он муовини Вазири корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои ташрифот Алоуддин ал-Аскарӣ, сафирон ва намояндагони сафоратҳои муқими Риёз, соҳибкорон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзии муқими Маккаи Мукаррама, Мадинаи Мунаввара, Даммом ва Риёз ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, дар ҳошияи шабнишинии дустӣ Сафири  Тоҷикистон дар  Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев зимни сӯҳбат бо Хабаргузории Саудия аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва он кишвар дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Дипломати тоҷик афзуд, ки таъини Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба рушди робитаҳои расмӣ байни мақомоти ду кишвар мусоидат кард.
Ҳамзамон, Юлдошев ба зарурати тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, амалисозии санадҳои байни ҳукуматҳои ду кишвар имзошуда ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба манфиати ҳарду кишвар махсус ишора намуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!