Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:41

5.000 сафедор дар канори шоҳроҳи байналмиллалии Душанбе-Чаноқ

6 март 2012, 05:10

Кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар канори шоҳроҳи  байналмилалии Душанбе – Чаноқ шанбегӣ гузаронида 5000 бех ниҳолҳои сафедор шинониданд.


Тавре хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз шимоли кишвар иттилоъ дод, ин тасмим ҷиҳати саривақт баргузор намудани маъракаи имсолаи кабудизоркунӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ амалӣ мешавад.

Гуфтанист, ин иқдом бори нахуст набуда, ҳамасола  дар ин самт фаъолият корҳои зиёде анҷом дода мешавад: «Тафовути имсола фақат дар он аст, ки минбаъд парвариши ин ниҳолҳо ба хоҷагҳои деҳқонии навоҳии Спитамен ва Ҷаббор Расулов вобаста карда мешаванд ва онҳо парвариш ва истифодаи ин дарахтонро ба ӯҳдаи хеш мегиранд»

Манбаъ афзуд, дар шанбегӣ ба 30 нафар экологҳо  беш аз 300 нафар кишоварзону сокинони ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов ба кӯмак расида, якҷоя ниҳолҳоро шинонда, бехи онҳоро нарм ва сафед карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!