Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 01:32

Ҳамойиш: Заминаҳои пайдоиши нахустин рӯзномаи тоҷикӣ

6 март 2012, 06:06

Имрӯз дар толори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон семинар дар мавзўи «Матбуоти тоҷик дар давоми 100 сол ва дастоварду мушкилиҳои имрӯзаи он» баргузор гардид.


Тавре аз ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҳамойишро бо сухани ифтитоҳӣ   Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳусни оғоз бахшид.

Зимнан, устоди кафедраи рӯзноманигории ДМТ Қироншоҳ Шарифзода дар мавзўи «Заминаҳои пайдоиши нахустин рўзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, сардори бозрасӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот, телезион, радио ва дигар ВАО-и Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ А. Розиқов дар мавзўи «Ҳуқуқи озодии сухан, матбуот ва ВАО» баромад кард. Омӯзгори ДМТ И. Ҳамидов  бошад,оиди «ВАО-и иттиҳодиявии Тоҷикистон: ҳолати имрӯза ва дурнамои рушд» иттиллоъ дод.

Дар охир, сармуҳаррири нашриёти «Эрграф» Ато Ҳамдам фикру мулоҳизаҳои худро дар мавзўи «Дастовардҳои ноширони тоҷик дар даврони истиқлолият» (дар мисоли нашриёти  «Эрграф») баён намуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!