Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:40

Тоҷирони покистонӣ ба Душанбе меоянд

27 май 2011, 09:32

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов дар шаҳри Пешовари ин кишвар бо президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Хайбар Пахтунхва -Усмон Башир Билор мулоқот анҷом дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа, дар ин нишаст Усмон Башир Билор иброз дошт, ки Тоҷикистону Покистон барои татбиқи муассири ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика, имкониятҳои зиёд доранд. Ҳамчунин  ӯ афзуд, палатаи савдо ва саноати вилояти Хайбар Пахтунхва ҳамеша барои инкишоф додани муносибатҳои дуҷониба бо соҳибкорони тоҷикистонӣ омода аст. Сипас Зубайдов вобаста ба таркишҳои рӯзҳои ахир, ки дар минтақаи мазкур рух дода, сабаби марги шумораи зиёди одамон гардида буданд, изҳори ҳамдардӣ кард.

Дипломати тоҷик иброз дошт, ки ба соҳибкорону тоҷирони покистонӣ, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо сафар кунанд, ба таври хеле содда раводид дода мешавад.
Зимнан, қайд гардид, ки интиқоли молҳо ва умуман воридоту содирот миёни ду кишвар аз тариқи Афғонистон сурат мегирад. «Аз ин рӯ, дар байни Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон ба имзо расонидани созишномаи транзитӣ оид ба интиқоли борҳо ба манфиати кор мебошад». Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба сафари гурӯҳи соҳибкорону тоҷирони покистонӣ ба шаҳри Душанбе, ки аз 30 май то 3 июни соли равон ҷараён хоҳад гирифт, табодули назар карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!