Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:03

Қоҳир Расулзода арзу дархости қайроққумиҳоро интизор аст

7 март 2012, 04:47

Раиси вилояти Суғд даври сеюми мулоқотро  бо аҳолии шаҳру навоҳии вилоят санаи  27 феврали соли ҷорӣ  аз ноҳияи  Ҷаббор Расулов оғоз намуд.


Ин тадбир бо супориши президенти кишвар аз сар гирифта шудааст. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», нисбати муроҷиати шаҳрвандон, баррасии арзу шикояти меҳнаткашон, мусоидати ҳалли саривақтии онҳо мулоқоти раиси вилоят Қоҳир Расулзода санаи 14 марти соли 2012 соати 09-00 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи воқеии зиндагии сокинон баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, сокинони шаҳру шаҳракҳои Қайроққум  андешаҳо, арзу дархост ва пешниҳодҳои худро ба нишонаи электронии hukumat-tj@mail.ru ё худ тариқи телефони 6-72-03  ирсол намуда метавонанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!