Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:36

Эмомалӣ Раҳмон «Рӯзи Модар»-ро ба ҳамаи бонувони Тоҷикистон табрик гуфт

6 март 2012, 12:32

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад.


Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми табрикиаш ба муносибати «Рӯзи Модар» иброз дошт. Президент бо арҷгузорӣ ба нақши зан ва модар гуфт , ҳукумати кишвар ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.
Вай афзуд, дар ин муддат барои таъмини баробарҳуқуқии марду занон ва ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар кишвар як силсила асноди зарурӣ ба тасвиб расида, раванди иҷрои онҳо идома дорад.
Дар ин мулоқот, ки занону духтарони касбу кори гуногун аз сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва манотиқи гуногуни Тоҷикистон ширкат доштанд, президент гуфт, ки, ки аз 15 000 кадри раҳбарикунандаи Тоҷикистон танҳо 5 000 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бештари занон дар риштаҳои маориф ва тандурустӣ кор мекунанд ва агар ба сурати умум, "дар соҳаи тандурустии кишвар беш аз 50 000 нафар машғули кор бошанд, аз ин рақам 44 000 нафарашон занон мебошанд."
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки занон бояд дар риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷрои қонунҳои танзими анъана ва ҷашну маросим ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд фаъол бошанд.
Дар поёни мулоқот президент ба  занони фаъол тӯҳфаҳо тақдим намуда, дар симои онҳо Рӯзи модарро ба ҳамаи бонувони Тоҷикистон табрик гуфт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!