Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:15

Масоили оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Берлин мавриди баррасӣ қарор мегирад

7 март 2012, 04:53

Рӯзи гузашта, 6-уми март ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон озими Олмон шуд. Тибқи иттилои ВКХ, ин ҳайат бо намояндагии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои обии кишвар Султон Раҳимов ҷиҳати иштирок дар Конфронси “Дипломатияи соҳаи об барои Осиёи Марказӣ”, ки рӯзҳои 7-8 марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, ба Берлин сафар кард. Гуфта мешавад, созмондиҳандаи чорабинии мазкур Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон мебошад. Иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои соҳаи оби тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кори Конфронс ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки бо натиҷагирӣ аз Конфронс Изҳороти муштарак қабул карда мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!