Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

Ф.Саидов: Ман ба кормандони Агентӣ итминон дорам

7 март 2012, 06:00

Директори агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, боварӣ дорам, ки аксарияти кулли ҳамкоронам ўҳдадориҳои хизматиашонро софдилона иҷро менамоянд. Ҷаноби Саидов дар сӯҳбати он-лайнӣ бо хонандагони хабаргузории «Озодагон» гуфт, шояд нафароне ҳастанд, ки манфиати шахсии худро аз манфиати давлат ва ҷомеа боло гузошта даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зананд. Мо ҳам тарафдори он ҳастем, ки агар чунин шахсони тасодуфӣ бошанд бо ёрии Шумо сафҳои худро аз онҳо тоза намоем. Зимни ҷавоб гуфтан ба саволҳо номбурда иброз дошт, ки дар Агентӣ Раёсати амнияти дохилӣ ва Раёсати кадрҳо баҳри ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани чунин ашхос масъуланд. Агар маълумоте нисбати кормандони мо дар бораи амалҳои коррупсионии онҳо дошта бошед, метавонед бевосита ба роҳбарияти Агентӣ  ё ба Раёсатҳои зикршуда, ё тавассути сайти Агентӣ муроҷиат намоед, ки муроҷиати Шумо дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба натиҷааш қарори дахлдори қонунӣ қабул карда хоҳад шуд.Шакли комили мусоҳибаро аз ин нишонӣ мутолиа намоед: http://ozodagon.com/rbr/97-2011


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!