Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:07

Раиси НАНСМИТ аз маъмурини фурудгоҳи Хуҷанд шикоят дорад

7 март 2012, 06:49

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ гуфт, чанд рӯз қабл маъмурони фурудгоҳи Хуҷанд аснои адои фаъолияти хабарнигорони шабакаҳои телевизионии вилояти Суғд монеа эҷод карда, худи ӯро мавриди таҳдид  қарор додаанд. Бино ба гуфти ӯ, масъулини бехатарии ин фурудгоҳ ба хабарнигорони шабакаҳои "Ҷаҳоноро" ва "Азия" иҷоза надодаанд, ки аз вазъи ногувори мусофироне, ки парвозашон ба таъхир афтода буд, гузориш таҳия кунанд: «Дидам, ки се нафар ба сари оператор давиданд. Рафта ва гуфтам, Шумо кӣ ҳастед, ки намемонед, журналистҳои телевизион корашонро анҷом диҳанд. Дар ҷавоб онҳо ба сари ман таҳдид карда ва хостанд ба даруни кафетерия дароварда, ба ягон иқдоми дигари ғайриқонунӣ даст зананд. Шояд онҳо на фақат нияти тарсонидан, балки нияти заданро ҳам доштанд".   Эътирози раҳбари НАНСМИТ алайҳи масъулони фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳоле баланд мешавад, ки аксари мусофирини хатсайрҳои ҳавоии Тоҷикистон аз хизматрасонии бархе аз ширкатҳои марбута ҳам бардошти мусбат надоранд.    


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!