Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:20

Матлаби ба Тоҷикистон рабтдоштаи «Звезда.ру» мавриди тафтиши мақомот қарор мегирад

7 март 2012, 10:15

Додситонии Тоҷикистон таҳқиқи матлаберо, ки дар пойгоҳи хабарии русии "Звезда.ру" мунташир шуда буд, оғоз кардааст.


Дар ин бора Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, имрӯз, 7-уми март дар ҳузури хабарнигорон иброз доштааст. Аммо генерал Раҳимов аз ироаи ҷузъиёти бештари мавзӯъ худдорӣ карда, дар мавриди мӯҳтавои он матлаб ҳам чизе нагуфтааст.

Ҳамзамон, Давлат Назрӣ, сардори раёсати иттиллот Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, як рӯзи қабл чопи ин матлабро идомаи раванди интишори матолиби "таҳвиномез ва тақаллубӣ" дар расонаҳои гурӯҳии хориҷӣ унвон карда буд.

Маврид ба ёдоварист, рӯзи 2-юми март сомонаи интернетии "Звезда.ру" матлаберо зери унвони "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" мунташир кард, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон бошиддат интиқод шуда буд. Ба ҷуз ин дар ин сайт санаде бо мӯҳри "махфӣ"  интишор ёфт, ки таққалубӣ ва ё ҳақиқӣ будани онро касе намедонад.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Строкан, шореҳи нашрияи "Коммерсант", ки матлаби "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" дар сайти "Звезда.ру" ба ӯ мансуб дониста шудааст, рӯзи гузашта (5-уми март) гуфт, ки ин матлабро нанавиштааст ва боре  ҳам ба Тоҷикистон сафар накарда ва бо вазъи ҷумҳурӣ ошноӣ надорад ва муаллифи ин матлаб низ нест.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!