Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12-и пойтахти вилояти Суғд озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» баргузор шуд.
Озмун анъанавӣ буда, тибқи дастури Вазорати маориф ҳамасола сурат мепазирад. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии хабаргузории «Озодагон», даври аввал, ки бевосита дар мактабҳои шаҳр шуда гузашт, 45 нафар барои иштирок ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар даври нимниҳоӣ, ки мебоист довталабон дар яке аз мактабҳои худашон кор намекарда, аз рӯи ихтисосашон дарс мегуфтанд, 16 нафар боқӣ монданд.
Ҳамин тавр, дар даври ниҳоии озмун 5 довталаб иштирок карданд, ки онҳо аз рӯи 4 шарт: гузаронидани соати тарбиявӣ, ҳимояи аёниятҳо ва дастурҳои методии таҳиякарда, донистани санадҳои ҳуқуқию-меъёрӣ оид ба маориф, пурсиш аз методикаи таълими фанни ихтисосӣ қувваозмоӣ карданд.
Манбаъ афзуд, аз рӯи натиҷаҳои озмун ҷойи аввалро омӯзгори фанни кимиё, номзади илм, Парвина Бердиева ишғол ва соҳиби унвони «Муаллимаи соли 2012» гардид.Ҷойи дуюм ба омӯзгори фанни забонҳои арабии мактаби ғайридавлатии «Гулчини маърифат» Фирӯза Эшонова ва се ҷойи сеюм ба Моҳира Азимова, омӯзгори фанни технологияи информатсионии мактаби ғайридавлатии «Паймони азизон», Надя Абдуллоева муаллимаи фанни забон ва адабиёти руси МТМУ№ 28 ва Муслима Рустамова, омӯзгори фанни забони англисии литсеи назди ДДҲБСТ дода шуд.
Мӯҳр