Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 25 июн 2017, 11:57

Ҳамоқат ва таҳқир дар як филми тоҷикӣ

9 март 2012, 09:15

Ман метавонистам дар рӯёруи ТВ нашинаму ин филмро набинам ё ин, ки вақто чашмони бадбахтам ин филмро дид, хомӯшӣ ихтиёр кунам, аммо …


Аммо ин филм аз номи яз замон пуршараф ва имрӯз камранги «Тоҷикфилм» «тақдим» мешавад, дар ҳоле, ки логотипи «Тоҷикфилм»-ро надорад ва умуман он моли Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ҳам нест. Шояд таҳиягарони филм намедонанд, ки бо номи «Тоҷикфилм» танҳо як ниҳоди давлатӣ аст, ки салоҳияти филмофариро дорад ва филм «тақдим мекунад». Агар манзури эшон ҳамин ниҳод аст, пас конуншикани рӯирост кардаанд, вале агар манзурашон  бо забони тоҷикӣ будани филм аст, вой бар ҳолашон, ки ғалат фаҳмидаанд...

Дар дискфурӯшиҳои кишвар филми наве бо номи «Овораи ишқ» ба фурӯш гузошта шудааст. Тамошои он барои бинандаи оддӣ, ки аз санъати киносозӣ бехабар аст, маълум мекунад, ки он дар сатҳи ғайриҳирфаӣ бардошта шудааст. Дар филм ҳеч яке аз меъёрҳои филмофарӣ риоят нашудаанд. Корманди киностудияи «Тоҷикфилм» андешаҳои худро роҷеъ ба «Овораи ишқ» навиштааст, ки хонандаи арҷманд бо нохун задан рӯи ин нишонӣ метавонад онро мутолиа намояд:
http://ozodagon.tj/sa/item/16228


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!