Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

Президенти Тоҷикистон Ҳорст Зееҳоферро табрик кард

9 март 2012, 04:50

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон унвонии раиси Бундесрати   Олмон, иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар Ҳорст Зееҳофер барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст:


«Ҷаноби Олӣ, ба муносибати фаро расидани бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон сарфарозам ба Шумо табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам. Мо кишвари Олмонро шарики дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем.
Бист сол муқаддам кишварҳои мо дар шароити барои Тоҷикистон нави истиқолияти миллӣ муносибатҳои байнидавлатиашонро ба роҳ монда, барои ҳамшарикии васеи худ заминаи мусоид фароҳам оварданд».
Ҳамзамон, дар барқияи президенти Тоҷикистон омадааст, ки изҳори итминон менамоям, ки саъй ва талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар рафти сафари тозаанҷомёфтаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ба даст омадаанд, ба ин раванд мусоидати арзишманд хоҳад кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!