Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 феврал 2017, 08:17

Дипломати афғон дар бораи Тоҷикистон китоб навишт

9 март 2012, 04:57

Чанде қабл китоби собиқ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон дар солҳои 2005-2010 Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ бо забони форсӣ ба нашр расид.


Тибқи иттилои ВКХ-и кишвар, ин китоб таҳти унвони “Тоҷикистон” дар интишороти Майванди шаҳри Кобул бо дастгирии Институти дипломатияи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ба чоп расидааст.

Гуфта мешавад, китоби мазкур маълумоти муфассалро дар бораи Тоҷикистон, мавқеъ ва хусусиятҳои ҷуғрофии он, зарфиятҳои иқтисодӣ ва обию барқии кишвар, забон, адабиёт ва фарҳанг, ҷой ва мавзеъҳои машҳури ҷолиби диққати меҳмонони хориҷӣ фаро гирифта, инчунин дорои матни санадҳои дуҷонибаи байни ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистон ва Афғонистон, дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои тарафайн мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!