Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:31

«Пахтакор» дар зинаи аввали мусобиқот

27 май 2011, 10:16

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни 15 дастаи лигаи якум идома дорад.

Тавре ба мо аз федератсияи футболи кишвар иттилоъ доданд, ду рӯзи қабл бозиҳои даври сеюми мусобиқот бо натоиҷи зерин ҷамъбаст гардиданд: “Кӯктош” (Рӯдакӣ) - “Рашт” (Рашт) – 1:0, “Ҳосилот” (Фархор) - “Зарафшон” (Панҷакент) – 2:0, “Вишгард” (Файзобод) - “Вахши зарнисор” (Вахш) – 1:3, “Саройкамар” (Панҷ) - “Ҷавонон” (Турсунзода) – 3:0 (техникӣ), “Локомотив” (Душанбе) - “Пахтакор” (Қубодиён) – 1:2, “Сабо” (Шаҳринав) - “Румӣ” (Ҷалолиддини Румӣ) – 3:0, “Ҳулбук” (Восеъ) - “Ситора” (Душанбе) – 1:0.
Гуфта мешавад, пас аз баргузории се даври мусобиқот миёни тимҳои лигаи аввали кишвар дастаҳои “Пахтакор”-и Қубодиён, “Саройкамар”-и Панҷ ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ 7-холӣ ба даст овардаанд. Азбаски тими «Пахтакор» ба дарвозаи ҳарифон бештар тӯб ворид кардааст, мақоми аввалро дар ҷадвал ба худ касб кардааст. Бозиҳои даври навбатӣ рӯзи 1-уми июн баргузор хоҳанд гашт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!