Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:43

Огоҳиномаи вазорати молия ба бонкҳои Тоҷикистон

9 март 2012, 12:04

237 миллион сомонӣ маблағҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки Тоҷикистон қарор доранд, ки ин миқдор маблағ бояд то имрӯз аз ҷониби бонкҳо баргардонида мешуд.


Дар ин бора як масъули баландпояи вазорати молияи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Мавсуф, ки нахост номаш ифшо шавад, аз ҷумла гуфт: «Огоҳиномае, ки ҷиҳати баргардонидани маблағҳои Роғун ба бонкҳои кишвар ирсол гардида  буд, баъди ду рӯз натиҷааш маълум мешавад ва мо дар мавриди ин санад бештар иттилоъ хоҳем дод».

Маврид ба ёдоварист, Вазорати молияи Тоҷикистон моҳи августи соли 2010-ум 157 миллион сомонӣ маблағҳои ҷамъшуда аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба муддати як сол ба ихтиёри панҷ бонки хусусӣ гузошта буд, ки гуфта мешуд, ин бонкҳо то моҳи августи соли 2011 ин миқдор маблағро бо фоидааш ба вазорат бармегардониданд. Бонкҳое, ки маблағҳои Роғунро дар ихтиёр доранд, Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, Бонки рушди Тоҷикистон, Тоҷпромбонк ва Фононбонк мебошанд, ки ин бонкҳо дар моҳи август боз дархост намудаанд, ки замони баргардонидани ин пулҳо тамдид карда шавад. Дар натиҷа, бо дархости бонкҳо ва қарори Шӯрои нозирони нерӯгоҳи Роғун мӯҳлати баргардонидани пулҳо то 16-уми феврали соли равон муайян шуда буд.

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, аз ҳисоби маблағҳои Роғун боз 80 миллион сомонӣ  ба Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк ба ҳар кадоме 30 миллионӣ ва 20 миллион сомонии дигар ба Амонатбонк дода шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!