Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:05

Нахуствазири Исроил бовар дорад, ки ҳамла ба Эрон то як соли дигар тул намекашад

10 март 2012, 07:22

Бенёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил мехоҳад ҳарчи зудтар ба Эрон ҳамла сурат бигирад. Ба гуфтаи вай хатари ҳастаии Эрон бояд барвақттар безарар карда шавад.


Ба иттилои шабакаи хабарии «Россия 24» Натаняҳу гуфтааст, ки албатта ин масъала на давоми як рӯз ё як ҳафта ҳал мешавад, аммо ҳатман то як сол тул нахоҳад кашид. Манбаъ хабар медиҳад, ки чунин як изҳоротро нахуствазири Исроил баъди бозгашт ба кишвараш эълон кардааст. Мавриди тазаккур аст, Бенёмин Нетаняҳу чанде қабл бо Барак Обама,  раисҷумҳури Амрико дидору мулоқот дошт. Мавзӯи меҳварии гуфтугӯи онҳо барномаи ҳастаии Эрон будааст.

Кишварҳои Ғарбӣ мегӯянд, Эрон дар пайи тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ аст, аммо Теҳрон ин иддаоро ҳамеша рад кардаву гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш хусусияти сулҳомез дошта, ба манзури дарёфти нерӯи арзони барқ анҷом мешавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!