Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 23:00

Журналистони тоҷикро акнун барои туҳмат ва таҳқир ҳабс намекунанд

10 март 2012, 07:44

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти кишвар ба вазорати адлия дастур дод, ки давоми чанд рӯзи оянда санадҳои заруриро барои аз кодекси ҷиноӣ берун кардани моддаҳои тӯҳмат ва таҳқир таҳия намоянд.


Ин дар ҳолест, ки рӯзноманигорон ва коршиносон таи чанд соли ахир талош доштанд, то моддаҳои 135 ва 136 аз кодекси ҷиноӣ ба кодекси шаҳрвандӣ  «кӯч» дода шавад. Аммо ин пешниҳод ҳамеша аз ҷониби масъулин бепосух мемонд.

Ёдовар мешавем, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони ВАО ба хотири 100 солагии Рӯзи матбуоти тоҷик имконпазир шуд. Ин вохӯрӣ дар толори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат пазируфт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!