Бахшҳо

Мӯҳлати огоҳиномаи вазорати молия ба бонкҳои Тоҷикистон ба итмом расид

237 миллион сомонӣ маблағҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки Тоҷикистон қарор доранд, ки ин миқдор маблағ бояд то ин вақт аз ҷониби бонкҳо баргардонида мешуд.


Дар ин бора як масъули баландпояи вазорати молияи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Мавсуф, ки нахост номаш ифшо шавад, аз ҷумла гуфт: «Огоҳиномае, ки ҷиҳати баргардонидани маблағҳои Роғун ба бонкҳои кишвар ирсол гардида  буд, рӯзи 12-уми март натиҷааш маълум мешавад ва мо дар мавриди ин санад бештар иттилоъ хоҳем дод».

Маврид ба ёдоварист, Вазорати молияи Тоҷикистон моҳи августи соли 2010-ум 157 миллион сомонӣ маблағҳои ҷамъшуда аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба муддати як сол ба ихтиёри панҷ бонки хусусӣ гузошта буд, ки гуфта мешуд, ин бонкҳо то моҳи августи соли 2011 ин миқдор маблағро бо фоидааш ба вазорат бармегардониданд. Бонкҳое, ки маблағҳои Роғунро дар ихтиёр доранд, Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, Бонки рушди Тоҷикистон, Тоҷпромбонк ва Фононбонк мебошанд, ки ин бонкҳо дар моҳи август боз дархост намудаанд, ки замони баргардонидани ин пулҳо тамдид карда шавад. Дар натиҷа, бо дархости бонкҳо ва қарори Шӯрои нозирони нерӯгоҳи Роғун мӯҳлати баргардонидани пулҳо то 16-уми феврали соли равон муайян шуда буд.

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, аз ҳисоби маблағҳои Роғун боз 80 миллион сомонӣ  ба Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк ба ҳар кадоме 30 миллионӣ ва 20 миллион сомонии дигар ба Амонатбонк дода шуд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)